Ҷаласаҳои корӣ вобаста ба даври 5-уми мониторинги тавсияҳои Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд
18-19 сентябри соли 2024 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ҷараёни иҷрои даври 5-уми мониторинги тавсияҳои Шабакаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мавриди натиҷагирӣ ва баҳогузорӣ қарор дода шуд.
Дар рафти чорабинӣ гурӯҳи мониторингӣ, ки ҷараёни иҷрои тавсияҳои Шабакаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷкистон мавриди арзёбӣ қарор дода буданд, вобаста ба 9 самти баҳодиҳӣ, аз ҷумла сиёсати зиддикоррупсионӣ, бархӯрди манфиатҳо ва эъломиякунонии дороиҳо, ҳимояи хабаррасонҳо, покниҳодӣ дар тиҷорат, покниҳодӣ дар самти хариди давлатӣ, мустақилияти ҳокимияти судӣ, мустақиляти мақомоти прокуратура, ниҳодҳои махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия, ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ фикру ақидаҳои хешро иброз намуданд.
Тибқи барномаи кории чорабинӣ санаи 17 сентябри соли ҷорӣ ҳисоботи давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон баррасӣ ва шунида шуда, ҳайатҳои расмии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳисоботҳои мониторингии худро санаи 18 сентябри соли 2024 ҳимоя намуданд.
Муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари ҳайати расмӣ доир ба мавзуъ баромад карда, азму иродаи қотеонаи мақомоти Агентӣ ва дигар ниҳодҳои кишварро дар амалигардонии сиёсати байналмилалии зиддикоррупсионӣ ва муқовимат ба ин падидаи номатлуб баён дошта, тақвияти кӯшишҳои дастаҷамъона ва ҳамкориҳои густурдаро дар ин самт яке аз роҳҳои муассири ноил гардидан ба ин ҳадафҳои банақшагирифташуда арзёбӣ намуд.
Зимнан намояндагони Ҷумҳуриҳои Булғористон, Арманистон, Босня ва Герсоговина доир ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалӣ намудани сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ, ба роҳ мондани хариди давлатии мол кор ва хизматрасонӣ, таҳкими фазои мусоиди сармоягузорӣ, инчунин, фаъолияти мақомоти бо коррупсия муборизабаранда ба ҳайати расмии кишвар саволҳои худро пешниҳод карда, доир ба он ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.
Дар умум чорабинӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, иштирокчиён изҳори боварӣ намуданд, ки таҷрибаи андухта барои густариши ҳамкориҳои судманд ҷиҳати ба роҳ мондани муқовимати дастаҷамъона ба коррупсия дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон заминаи мусоидро фароҳам меоварад.
Маркази матбуоти Агентӣ.