Баргузории Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ - омили муҳимми муқовимат ба коррупсия»
30 августи соли 2024 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ - омили муҳими муқовимат ба коррупсия» доир гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин тамоми ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ иштирок карда, оид ба мавзуъҳои мубрам баёни андеша намуданд.
Чорабинии мазкур дар партави «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 ҷараён гирифта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ - зиддикоррупсионии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ ҳадафи асосии баргузории он буда, интизор меравад, ки барои боз ҳам муттаҳид намудани иродаву амалҳо дар роҳи пешгирии содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ дар ин соҳаҳои ба иқтисодиёти мамлакат басо муҳим, мусоидат хоҳад кард.
Конфронс ба таври мубоҳисавӣ ва дар рўҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифта, иштирокчиён аз он таассуроти нек бардоштанд.
Маркази матуботи Агентӣ