Ошкори ҳолати тасарруфи маблағи шаҳрвандон барои омода намудани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии носолим

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷўӣ муайян карда шуд, ки Абдуллоев И.А. аз 12 августи соли 2020 то 24 январи соли 2022 дар вазифаи мутахассиси бақайдгирии мизи ҳарбии Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил»-и соҳили чапи шаҳри Хуҷанд кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Абдуллоева М.Н. моҳи марти соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд А.А.И. даромада, аз номбурда бо баҳонаи ба наберааш омода намудани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии носолим ҷамъ маблағи 12 000 сомониро талаб карда гирифта, минбаъд бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷиноятии худ бо истифода аз техникаи компютерӣ шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии носолим аз 24 ноябри соли 2020, №007016-ро бо роҳи сохтакорӣ омода карда, ҳуҷҷати бараъло қалбакиро ба шаҳрванд А.А.И. дастрас намуданд.
 
Ғайр аз ин, Абдуллоев И.А. кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, моҳи майи соли 2024 бо шаҳрванд И.Ф. шиносоӣ пайдо намуда, ба охирин худро ҳамчун корманди Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд муаррифӣ карда, аз номбурда бо роҳи фиреб барои омода намудани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии носолим ба номи бародараш И.М. ҷамъ маблағи 10000 сомониро талаб карда гирифта, ба манфиати номбурда ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағи зикршударо ба эҳтиёҷоти шахсиаш тасарруф намудааст.
 
Оиди ҳолати мазкур нисбати Абдуллоев И.А. ва дигарон бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои “а,б,в,г” ва 340 қисми 2 бандҳои “б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
 
Маркази матбуоти Агентӣ
 

Чоп намудан E-mail