Ба итмом расидани тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ раиси Суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон
Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ раиси Суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Абдураҳмонзода Б.С.-ро ба итмом расонид.
Дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ муайян карда шуд, ки Абдураҳмонзода Б.С. ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт зимни баррасии парвандаҳои дар пешбурдаш қарордошта барои татбиқи ҷазоҳои нисбатан сабук ба судшавандагон ва ба манфиати онҳо ҳал кардани натиҷаи судӣ бо ин парвандаҳо аз хешвандони судшавандагон дар 7 ҳолат ҷамъ маблағи 128 800 сомониро ғайриқонунӣ гирифтааст.
Вобаста ба ҳолатҳои болозикр нисбати Абдураҳмонзода Б.С. бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б», 314 қисми 2 ва 319 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ва барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
Нисбати айбдоршаванда Абдураҳмонзода Б.С. чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ гардидааст.
Маркази матбуоти Агентӣ