Руйпуш намудани қонунвайронкунии замин дар шаҳри Гулистон

 

Анвари А.А. дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Гулистони вилояти Суғд кор карда истода, ҳамчун шахси мансабдор дар якҷоягӣ бо мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳри Гулистон Ҳамдамов Ш.М ва муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон Мирзоахматов Р.А. зимни гузаронидани санҷиш ҳолати аз тарафи шаҳрванд Анорбоев Б.Ғ. ғайриқонуни истифодабарии қитъаи замин ва сохтмонҳои худсаронаро ошкор намуда, аз охирин ҷиҳати рӯйпуш намудани ҳолати ошкоршуда ва чораандешӣ накардан маблағи 10.000 сомонӣ талаб карда гирифта, байни якдигар тақсим намуданд.

Дар ин асос нисбати Анвари А.А. бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.

 

          Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан