Шаҳодатномаи ронандагӣ бар ивази маблағи 4100 сомонӣ
Шукуров Нуъмонҷон Дадаҷонович дар вазифаи ронанда-дастурдиҳандаи Пойгоҳи автоматикунонидаи автомобили ҶСП “Рушди роҳнавард” дар шаҳри Хуҷанд кор карда истода, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Дадобоев Муродҷон Муминович, барои омода намудани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи “Б” дар ду маврид маблағи 4100 сомонӣ гирифта, тасарруф намуда, ба охирин зарарӣ ҷиддии моддӣ расонидааст.
Дар ин хусус нисбати Шукуров Н.Д. бо моддаи 247 қисми 2 банди “в г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Маркази матбуоти Агентӣ.