Камомади маблағҳои пулӣ дар корхона

Тибқи фармоиши директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2021 аз ҷониби мутахассисони назорати давлатии молиявии Агентӣ тафтиши фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ, канализатсия ва гармидиҳии шаҳраки Ёвон” гузаронида шуд.

       Зимни санҷиши корхонаи мазкур дар давраи аз моҳи июли соли 2020 то моҳи январи соли 2021 ба маблағи умумии 399.004 сомонӣ камомад ошкор гардид.

     Аз маблағи зарари ошкоркардашуда дар рафти санҷиш 110,3 ҳазор сомонии он барқарор карда шуд.

         Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои дахлдор тартиб дода шуда, санҷиши он идома дорад.

 

          Маркази матбуоти Агентӣ.

 

Чоп намудан