Гирифтани мукофот аз ҷониби хизматчии корхона

 

Абдулхайров Искандар Раҷабалиевич дар вазифаи мутахассиси шуъбаи баруйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат кор карда истода, моҳҳои сентябр-октябри соли 2020 аз шаҳрванд Саидмуродов С.Ҳ. барои аз нав тартиб додани шиносномаи техникӣ-ҳавлидории манзили истиқоматии падараш-Саидмуродов Ҳ.Т., воқеъ дар суроғаи шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Янги-бозор, хонаи 14а  маблағи 3000 сомонӣ талаб карда гирифт.

Дар ин асос нисбати Абдулхайров И.Р. бо моддаи 324 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

 

           Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан