Талаби маблағ барои омода кардани шаҳодатнома

 

Яхшиев Дилшод Бахтиёрович дар вазифаи ҷонишини директори мактаби ронандагии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Самсун» кор карда истода, моҳҳои октябр-ноябри соли 2020 аз шаҳрванд “А” барои ба номи писараш шаҳрванд “б” омода карда додани шаҳодатнома дар бораи хатми курси таълимии ронандагӣ маблағи 4650 сомонӣ талаб карда гирифт.

Инчунин, Яхшиев Д.Б. бо ҳамин тарзу усул моҳи ноябри соли 2020 аз шаҳрванд “В” барои омода карда додани шаҳодатнома дар бораи хатми курси таълимии ронандагӣ маблағи 4700 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.

Вобаста ба ин ҳолатҳо нисбати Яхшиев Д.Б. бо моддаи 279 қисми 4 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди тасдиқи фикри айдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ