Баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари миллии ҳисоби Ҷумҳурии Исломии Покистон

 

Рӯзи 2 июни соли 2021 дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид ва директори генералии Дафтари миллии ҳисоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Зоҳир Шоҳ  “Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари миллии ҳисоби Ҷумҳурии Исломии Покистон” ба имзо расонида шуд.

Баимзорасонии Ёддошти мазкур бо назардошти эътироф намудани асосҳои соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти миллӣ, баробарӣ ва манфиатҳои ҳарду давлати дӯсту бародар ба мақсад мувофиқ шуморида шуда, ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки барқарорсозии ҳамкориҳои мутақобилаи судманд миёни мақомотҳои марбута дар оянда ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду мамлакат мусоидат намуда, барои тақвият бахшидани неруҳои муборизабарандаи зидди коррупсия таъсири мусбӣ мерасонад.

 

          Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан