Иштироки ғайриқонунии шахси мансабдор дар фаъолияти соҳибкорӣ ва тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ба миқдори махсусан калон

Истамзода Ашраф Истам аз 04 июли соли 2016 то 20 феврали соли 2023 дар вазифаи сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент кор ва фаъолият намуда, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш идоракунӣ ва роҳбарии ҶДММ “Нисо-А”-и шаҳри Панҷакентро амалӣ намуда, бо фароҳам овардани бартарӣ ба ин ҷамъият дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷиноятҳои қасдона зад.

 

Чунончи, номбурда қасди ба даст овардани фоидаи муфтро бо роҳи азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ назди худ пеша намуда, бархилофи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бевосита дар идоракунӣ ва роҳбарии ҶДММ “Нисо-А” ғайриқонунӣ иштирок варзида, бо истифода аз мақоми хизматиаш ҳамчун сардори шуъбаи ҲМЗ шаҳри Панҷакент барои ба имзо расонидани қарордодҳои давлатӣ байни мақомоти давлатии шаҳри Панҷакент ва ҶДММ “Нисо-А” шароит фароҳам овард.

 

Дар ин замина, давоми моҳҳои сентябр-декабри соли 2022 тибқи мусоидат ва пуштибонии бевоситаи Истамзода А.И. ҷамъияти болозикр дар 9 ҳолат зимни иҷроиши талаботҳои қарордодҳои давлатӣ бо ниҳодҳои дахлдори шаҳри Панҷакент ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва таъмини молу маҳсулот даст ба азонихудкунии маблағҳои давлатӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо зада, бо ин роҳ дар маҷмӯъ 1.247.689 сомонии аз ҳисоби маблағҳои буҷет ҷудошударо тасарруф карда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд.

 

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Истамзода А.И. ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 318, 323 ва 340 қисми 2 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, бо гузаронидани амалҳои зарурии мурофиавӣ парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст.  

 

Маркази матбуоти Агентӣ!

Чоп намудан