Баргузории конфронси маҷозӣ бо намояндагони Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

19 январи соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки як қатор кормандон конфронси маҷозӣ бо намояндагони Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

 

Конфронс дар доираи Нақша чорабиниҳои амалисозии “Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” баргузор гардида, дар рафти он масъалаҳои таҷрибаи пешқадам дар самти назорати амалишавии хариди давлатӣ ва пешгирии муомилоти ғайриқонунии крипто-асъор мавриди муҳокима қарор гирифта, иштирокчиён доир ба мавзӯъҳои зикршуда ибрози андеша намуданд.

 

Баргузории чорабинии мазкур барои ба роҳ мондани табодули таҷриба ва вусъат бахшидани ҳамкории Агентӣ бо Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ заминаи мусоид фароҳам овард.  

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ