Мизи мудаввар бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия»

 

7 декабри соли 2020 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Пешгирии коррупсия дар ҷумҳурӣ» дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия»  мизи мудаввар баргузор гардид.

Мақсади асосии чорабинӣ ба баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ нигаронида шуд.

Дар чорабинӣ сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ, Турсунзода Шодком Худоймурод суханронӣ намуда, нуқтаҳои асосии сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро ба самъи иштирокчиён расонид.

         Намояндагони дигар вазорату идораҳо низ дар мавзӯъҳои «Муқовимат ба коррупсия», «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия», «Коррупсия ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ» ва «Пайравӣ аз сиёсати роҳбарияти олии кишвар дар самти муқовимат ба коррупсия»  ибрози андеша намуданд.

   Лозим ба ёдоварист, ки ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дар маҷмӯъ иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ заминаи мусоидро фароҳам оварада, ба паст гардидани сатҳ ва шиддати  коррупсия мусоидат менамояд.          

              Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан