Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, 28 июли соли 2021 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар нишасти мазкур мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Сироҷзода Сайфиддин, муовинони директори Агентӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, муовини якуми сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва минтақаи Рашт, инчунин доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст чорабиниро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар давраи нимсолаи якуми соли 2021 ба хабарнигорон маълумот пешниҳод карданд.

Қайд карда шуд, ки дар ин давра ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ кормандони Агентӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 728 вохӯриҳо гузаронида, дар ин раванд тавассути воситаҳои ахбори омма беш аз 69 маротиба баромад карда, 28 мизҳои мудаввар, семинар ва нишастҳои матбуотӣ доир намуда, ҳамзамон дар 44 чорабиниҳои баргузорнамудаи дигар вазорату идораҳо иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 946 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидошта мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 1 млн. сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст.

Инчунин, аз натиҷаи санҷишҳо, таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда аз ҷониби кормандони Агентӣ унвонии вазорату идораҳо 1639 пешниҳод ва 294 дастури хаттӣ ирсол гардида, бо баррасии онҳо нисбати 623 нафар ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуда, 302 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.

Дар ин давра, Агентӣ баҳри иҷрои талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашударо манъ намудааст, тадбирҳои зарурӣ андешида дар давраи ҳисоботӣ 96 ҳолати вайрон кардани талаботи қонуни мазкурро ошкор ва ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо чораандешӣ намудааст.

Ба Агентӣ ҷиҳати аз экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ гузаронидан 505 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар 77 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда шуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо ба мақомоти таҳиякунандаи лоиҳа бозпас гардонида шудаанд.

Дар баробари пешниҳоди маълумотҳои зикргардида аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти Агентӣ як қатор саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуданд.

           Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ