Таҷлили «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия»
9 декабри соли 2020 бо ибтикори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» дар бинои Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Бохтар, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоят, устодон ва донишҷуёни Донишгоҳи давлатии ба номи Н.Хусрав конфронси илмӣ-амалӣ баргузор карда шуд.
Зимни чорабинӣ кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон, прокуратураи вилоят, кафедраҳои ҳуқуқ ва идораи давлатӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии Донишгоҳи давлатии ба номи Н.Хусрав бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар як вақт, бахшида ба ин рӯз овезаҳо дар даромадгоҳ ва дохили бинои Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар насб карда шуда, ба аҳолӣ ва иштирокчиёни конфронс ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо маводҳои таблиѓотию ташвиқотии зиддикоррупсионӣ супорида шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ.