Иштироки дастаи бонувони Агентӣ дар мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол

 Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 феврали соли 2023, №60 бо мақсади тарғиб ва рушду равнақи варзиши намуди волейбол байни бонувон аз 04 то 20 марти соли 2023 мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба «Рӯзи Модар» баргузор гардид.

 

 Мусобиқаи мазкур ҳамасола садҳо бонувони вазорату идораҳо ва дигар корхонаҳоро ба ҳам ҷамъ оварда, дар натиҷаи нишон додани маҳорату малакаи варзишӣ ғолибон муайян мегарданд. 

 

 Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаи варзишии мазкур дар баробари дигар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дастаи бонувони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруспияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан

Таҷлили «Иди байналмилалии Наврӯз»

 Санаи 19 марти соли 2023 дар бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон ба ифтихори “Иди байналмилалии Наврӯз” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

 Нахуст ҷамъомадро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати “Иди байналмилалии Наврӯз”, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, бурдборӣ, барору комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан

Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори таҷлили “Рӯзи Модар”

 7 марти соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон, аз ҷумла бонувон, ба муносибати таҷлили “Рӯзи Модар” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

       

 Нахуст чорабиниро директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, модарону хоҳарон ва бонувони арҷманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Модар самимона муборакбод намуда, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, бурдборӣ, барору комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.

       

 Қайд гардид, ки модарони мо дар тӯли тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда буда, ин рисолати муқаддасро имрӯз низ бо иффату шараф идома бахшида истодаанд.

        

 Мардуми кишвар, хусусан мо мардон ба азму ирода ва талоши ватанхоҳонаи модари тоҷик эҳтиром мегузорем, чунки зан - модар мушкилоти бисёр сахту сангини зиндагиро сарбаландона таҳаммул намуда, наслеро тарбия карда, ба воя расонидааст, ки созандагони асили имрӯзу фардои ин сарзамини муқаддас мебошанд.

       

 Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмӣ эълон гардидани Рӯзи Модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати мақому манзалати баланди модарону хоҳарон ва бонувони азиз дар ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

       

 Мардуми кишвар ба азму ирода ва талоши ватанхоҳонаи модари тоҷик эҳтиром мегузоранд, чунки зан - модар мушкилоти бисёр сахту сангини зиндагиро сарбаландона таҳаммул намуда, наслеро тарбия карда, ба воя расонидааст, ки созандагони асили имрӯзу фардои ин сарзамини муқаддас мебошанд.

       

 Дар идома бахшида ба ин санаи фархунда як қатор кормандони Агентӣ баромад намуда, дар бораи мақому манзалати зан дар ҷомеа изҳори андешаронӣ намуданд. Дар як вақт тамоми бонувони Агентӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомот бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд. 

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия»

 10 январи соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

 Ҷаласаро директори Агентӣ - Султонзода Сулаймон Саид ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо «Иди касбӣ» табрик гуфтанд ва ба онҳо  дар ин рӯзи фархунда иқболу саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азиз пешравию ободиҳо таманно намуданд.

 

 Қайд гардид, ки тӯли 16 сол аст, ки ниҳоди мазкур дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат ҳамчун субъекти асосии бо ин падидаи номатлуб муборизабаранда, ҷиҳати пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, сабабу шароитҳои барои содир намудани онҳо мусоидаткунанда ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ фаъолият анҷом дода истодааст.

 

 Имрӯз бо эътимоду боварӣ метавон гуфт, ки мақомот аз лиҳози заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ, имконият, тавоноӣ, иқтидори касбию қобилияти тахассусӣ ва таъминоти моддию техникӣ ба ниҳоди комил ва ҳамаҷонибаи ҷавобгӯй ба талаботи амалисозии сиёсати давлат дар самти муқовимат ба коррупсия табдил ёфта, аз ӯҳдаи иҷрои вазифаву масъулияти ба зиммааш вогузоргардида бо сарбаландӣ баромада метавонад.

 

 Қобили тазаккур аст, ки мақомот ба ҳайси ниҳоди навтаъсис ҳамасола аз ҷониби Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, хизматҳои кормандон  мунтазам қадрдонӣ карда мешаванд.

 

 Баъдан ба ҳозирин нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун як ҳуҷҷати тақдирсозу стратегии ҳадафманд ва санади муҳимтарини ҳар як сол маҳсуб меёбад, бори дигар ҷиҳати таъмини иҷрои самараноки дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат баён гардид.

 

 Дар идомаи чорабинӣ мутахассисони ҷавоне, ки ба хизмат дар мақомоти Агентӣ қабул гардиданд, барои адои хизмати содиқона  ба халқу Ватан тантанавор савганд ёд карданд.

 

 Ҳамзамон бо назардошти натиҷаҳои назарраси корӣ ва намунавор иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ як қатор кормандон бо рутбаҳои навбатӣ, медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан

Таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 24 ноябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

 

 Дар чорабинӣ директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо суханони табрикотӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки қабул гардидани Парчами давлатӣ дар давраи бисёр ҳассосу мураккаби таърихӣ Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз аз қабули он 30 сол сипари мегардад, барои миллати тоҷик ҷиҳати бунёди пояҳои давлати соҳибистиқлол аҳамияти калидӣ дошта, аз нахустин кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сарҷамъии миллат ва рафъи хатари паррокандагии он ба ҳисоб меравад. Парчами давлатӣ ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ дар баробари таҷассумгари асосҳои таърихиву фарҳангии мероси миллӣ будан, баёнгари соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии мардуми тоҷик буда, қабули он дар зиндагиву тафаккури халқи мо ҳамчун арзиши маънавии ҷомеа руҳияи нави ваҳдати комили миллиро ба вуҷуд овард ва халқи тоҷик ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманд эътиқоду ихлос ва эътимоди қавӣ пайдо намуд.

 

 Дар идома кормандони Агентӣ доир ба мақому манзалати Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баромадҳои пурмуҳтаво ибрози андеша намуданд.

 

 Дар охир директори Агентӣ муҳтарам Султонзода С.С. ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, саломатӣ, иқболу саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азиз зери партави Парчами Ватан пешравию ободиҳои аз ин ҳам бештарро таманно намуданд. 

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан

Таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

 12 ноябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеъи кормандон бахшида ба таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии васеъ доир гардид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан

Таҷлили “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

  4 ноябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 28-умин солгарди “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

 

 Дар чорабинӣ директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳайати шахсии Агентиро бо камоли эҳтиром ва таманниёти нек ба ифтихори ин ҷашни фархундаи таърихӣ табрику муборакбод гуфта, сиҳатмандиву хушбахтӣ, осудагии рўзгор ва сарбаландиву барори кор таманно намуданд.

 

Маълумоти бештар

Чоп намудан

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таҷлили ҷашни “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

 5 октябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон ва ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

 Нахуст чорабиниро директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сумаймон Саид ҳусни оғоз бахшида қайд намуданд, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимии дунё ба ҳисоб рафта, тавассути ин забони ноб ҳазорон асарҳои ҷаҳоншумул иншо гардидааст. Ин забон аз ҳастии миллати озодае шаҳодат медиҳад, ки дар таърихи аҳли башар бо илму адаби худ дар пешрафти ҳаёти маънавӣ ва тамаддуни инсоният нақшгузор аст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан


Ҷустуҷӯ