Ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон - омили рушди босуботи ҷомеа”

24 майи соли 2023 дар ҳошияи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар Ҳамоиши ҷавонон дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон омили рушди босуботи ҷомеа” баргузор шуд.

 

Нахуст ҳамоиш аз муаррифии фаъолияти Агентӣ оғоз гардида, зимнан масъулини Агентӣ оид ба саҳми ҷавонон дар роҳи муқовимат ба коррупсия суханронӣ намуданд.

 

Дар идома маърузачиён доир ба дастовардҳои ҷавонон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрам баромад карда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва якпорчагии Ватан баҳри пешрафту шукуфоӣ, ободӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузошта, мояи ифтихори наслҳои оянда бошанд.

 

Дар фарҷом барои меҳнати софдилона ва ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас як қатор ҷавонони Агентӣ бо сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан