Иштироки дастаи бонувони Агентӣ дар мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол

 Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 феврали соли 2023, №60 бо мақсади тарғиб ва рушду равнақи варзиши намуди волейбол байни бонувон аз 04 то 20 марти соли 2023 мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба «Рӯзи Модар» баргузор гардид.

 

 Мусобиқаи мазкур ҳамасола садҳо бонувони вазорату идораҳо ва дигар корхонаҳоро ба ҳам ҷамъ оварда, дар натиҷаи нишон додани маҳорату малакаи варзишӣ ғолибон муайян мегарданд. 

 

 Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаи варзишии мазкур дар баробари дигар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дастаи бонувони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруспияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

 

 Боиси ифтихор аст, ки дастаи бонувони Агентӣ дар ин мусобиқаи варзишӣ сазовори ҷойи дуюм ва роҳбари даста ҳамчун бозингари беҳтарини мусобиқа арзёбӣ гардида, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо медалу диплом, сипоснома ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан