Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия»

 10 январи соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

 Ҷаласаро директори Агентӣ - Султонзода Сулаймон Саид ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо «Иди касбӣ» табрик гуфтанд ва ба онҳо  дар ин рӯзи фархунда иқболу саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азиз пешравию ободиҳо таманно намуданд.

 

 Қайд гардид, ки тӯли 16 сол аст, ки ниҳоди мазкур дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат ҳамчун субъекти асосии бо ин падидаи номатлуб муборизабаранда, ҷиҳати пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, сабабу шароитҳои барои содир намудани онҳо мусоидаткунанда ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ фаъолият анҷом дода истодааст.

 

 Имрӯз бо эътимоду боварӣ метавон гуфт, ки мақомот аз лиҳози заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ, имконият, тавоноӣ, иқтидори касбию қобилияти тахассусӣ ва таъминоти моддию техникӣ ба ниҳоди комил ва ҳамаҷонибаи ҷавобгӯй ба талаботи амалисозии сиёсати давлат дар самти муқовимат ба коррупсия табдил ёфта, аз ӯҳдаи иҷрои вазифаву масъулияти ба зиммааш вогузоргардида бо сарбаландӣ баромада метавонад.

 

 Қобили тазаккур аст, ки мақомот ба ҳайси ниҳоди навтаъсис ҳамасола аз ҷониби Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, хизматҳои кормандон  мунтазам қадрдонӣ карда мешаванд.

 

 Баъдан ба ҳозирин нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун як ҳуҷҷати тақдирсозу стратегии ҳадафманд ва санади муҳимтарини ҳар як сол маҳсуб меёбад, бори дигар ҷиҳати таъмини иҷрои самараноки дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат баён гардид.

 

 Дар идомаи чорабинӣ мутахассисони ҷавоне, ки ба хизмат дар мақомоти Агентӣ қабул гардиданд, барои адои хизмати содиқона  ба халқу Ватан тантанавор савганд ёд карданд.

 

 Ҳамзамон бо назардошти натиҷаҳои назарраси корӣ ва намунавор иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ як қатор кормандон бо рутбаҳои навбатӣ, медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан