Таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

 12 ноябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеъи кормандон бахшида ба таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии васеъ доир гардид.

 

 Чорабиниро директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки аз ҷониби мардуми сарбаланду хештаншиноси тоҷик дар шакли «Ҷумҳурии Президентӣ» қабул карда шудани низоми идоракунии давлатдории Тоҷикистон маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, гузаштан ба низоми идоракунии Президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид. Мафҳуми истилоҳи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсият ва хидматҳои бузургу шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагии ногусастанӣ дорад. Зеро таърих гувоҳ аст, ки дар раванди фаъолият дар мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод.

 

 Инчунин, бо мақсади барқарор сохтани ҳокимияти конститутсионӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи ХVI-уми Шўрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат дигаргунии куллӣ ба миён овард, доир гашта, иҷлосия аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 идома ёфт ва маҳз дар ҳамин Иҷлосия санадҳои қонунӣ ва қарорҳое қабул карда шуданд, ки онҳо ба мардуми Тоҷикистон умеди оянда бахшиданд.

 

 Ҳамзамон, директори Агентӣ Султонзода С.С. бо бовари комил иброз намуданд, ки кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сокинони бошарафи ин сарзамини муқаддас, бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо фаъолияти намунавори хизматӣ дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳми босазо хоҳанд гузошт.

 

 Дар давоми чорабинӣ кормандони Агентӣ оид ба аҳамияти муҳими таърихӣ доштани ин сана дар ҳаёти мардуми шарифи Тоҷикистон бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.

 

 Зимнан, бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ бо назардошти натиҷаҳои назаррасӣ корӣ ва намунавор иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ як қатор кормандон бо рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

 Дар фаровард директори Агентӣ Султонзода С.С. ҳайати шахсиро бори дигар бо ҷашни фархундаи «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон» самимона муборакбод намуда, саломатию бурдборӣ ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистони азиз сулҳу сафои ҷовидонаро таманно намуданд.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ
 

Чоп намудан