Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таҷлили ҷашни “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

 5 октябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон ва ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

 Нахуст чорабиниро директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сумаймон Саид ҳусни оғоз бахшида қайд намуданд, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимии дунё ба ҳисоб рафта, тавассути ин забони ноб ҳазорон асарҳои ҷаҳоншумул иншо гардидааст. Ин забон аз ҳастии миллати озодае шаҳодат медиҳад, ки дар таърихи аҳли башар бо илму адаби худ дар пешрафти ҳаёти маънавӣ ва тамаддуни инсоният нақшгузор аст.

 

 Маврид ба зикри хост аст, ки дар замони муосир бо кушишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ рушд намуда, анъана ва оину суннатҳои ниёгон аз нав эҳё гардиданд.

 

 Зикр гардид, ки донистани забони тоҷикӣ - арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи пурифтихори хеш аст. Забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии миллати тоҷик буда, тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёде, ки мо аз он ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст.

 

 Дар идома Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон иброз намуданд, ки  гузаштагони шарафманди мо бо забони ширину шевои тоҷикӣ шеър гуфтаанд, шоҳасарҳо эҷод намудаанд ва баҳри устувории забони модарии худ бо ин васила саҳми назаррас гузоштаанд. Асарҳои оламшумули онҳо бо забонҳои дигар халқҳо тарҷума гардида, тоҷиконро чун миллати куҳанбунёд нишон додаанд. Аз ин рӯ вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо - соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем.

 

 Инчунин, кормадони Агентӣ бо маърузаҳои пурмазумуну пурмуҳтаво баромад намуда, доир ба мавзӯъ фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.

 

 Дар охир директори Агентӣ муҳтарам Султонзода Сулаймон Саид бо ифтихору садоқат ба забони модарӣ ҳозиринро ба муносибати «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрик гуфта, саломатӣ, иқболу саодат, файзу баракат ва рӯзгори осударо  таманно намуданд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан