Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Ваҳдати миллӣ»

 24 июни соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

 Нахуст дар чорабинӣ директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо шукургузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоӣ, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон ҳукмфармост ҳозиринро ба муносибати ҷашни бисту панҷумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод гуфта, ба Ватани азизамон ваҳдати пойдору устувор, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ба ҳар хонадони кишвар зиндагии хушу хуррам ва саодати рӯзгорро таманно намуданд.

 

 Қайд гардид, ки садои Ваҳдати миллии тоҷикон сол аз сол дар курраи замин шуҳратёр гардида, сиёсати сулҳҷуёнаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзишу таҳқиқи олимон қарор гирифтааст, ки ин бори дигар аз арзиши баланди фарҳангу тамаддуни мардуми сарбаланди тоҷик шаҳодат медиҳад.

 Бинобар ин моро лозим аст, ки зарурати таърихӣ ва рисолати аслии худро дар он бинем ва донем, ки бояд ваҳдату ризоияти миллии мо ҳамеша пояндаву ҷовидон бошад. Мо бояд сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, зери ин сиёсати хирадмандони Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошем. Барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва созандагиву ободкории Ватан фаъолона ширкат намуда, дар марҳалаи навини имрӯза ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои мақомот беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ фаъолият намоем ва заҳмат кашем.

 

 Дар идомаи чорабинӣ собиқадорони мақомот бо маърузаҳои худ кормандонро табрику муборакбод намуда, доир ба рисолати таърихии ин санаи фархундапай ибрози андеша намуданд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан