Иштироки кормандони Агентӣ дар Дави миллӣ

 Имрӯз соҳаи варзиш дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, нисбат ба варзишгарон дастгирию ғамхориҳо пайваста зоҳир карда мешавад.

 

 Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дави миллӣ баргузор мегардад.

 

 Чорабинии мазкур, ки бо иштироки доираи васеи шаҳрвандон сурат мегирад, баёнгари он аст, ки варзиш рӯз ба рӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол рушду инкишоф ёфта, қисмати асосии аҳолии мамлакат рӯй ба он оварданд.

 

 Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори намояндагони дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мардуми кишвар сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро ҷонибдорӣ намуда, ҳамасола дар ин чорабинӣ фаъолона ширкат варзида азму иродаи хешро ҷиҳати ташаккули тарзи ҳаёти солим иброз менамоянд.  

 

 Боиси хушнудист, ки дар шароити имрӯзаи рушд варзиш машғулияти асосии мардум, бахусус наврасону ҷавонон гардида, дар ин замина варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Парчами миллии кишварро баланд мебардоранд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан