Баргузории Ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» дар Агентӣ

29 ноябри соли 2024 дар асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2024, №30251(265) дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Агентӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ҷавони мақомот ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар Ҳамоиши ҷавонон дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.

 

Нахуст муовини якуми директори Агентӣ - Расулӣ Барот ба кори чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба аҳмияти Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёту фаъолияти ҳаррӯзаи ҷавонон ва нақши ҷавонон дар пойдорӣ ва ҳифзи соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон суханронӣ намуданд.

 

Зимнан, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад роҷеъ ба таърихи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва саҳми ҷавонон ҷиҳати расидан ба дастовардҳои назаррас дар ин давраи таърихӣ ибрози андеша намуданд.

Дар идома маърӯзачиён доир ба дастовардҳои ҷавонон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрам баромад карда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва якпорчагии Ватан баҳри пешрафту шукуфоӣ, ободӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузошта, мояи ифтихори наслҳои оянда бошанд.

 

Дар фарҷом барои меҳнати софдилона ва ноил гардидан ба натиҷаҳои назарраси корӣ як қатор кормандони ҷавони мақомот бо «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан