ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

22 ноябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии тантанавӣ доир гардид.

 

Дар чорабинӣ директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода С.С. бо суханони табрикотӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад. Зеро Парчами давлатӣ ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ дар баробари таҷассумгари асосҳои таърихиву фарҳангии мероси миллӣ будан, баёнгари соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии мардуми куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад.

 

Ҳоло боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар саросари Тоҷикистони азизамон «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун ҷашнвораи миллӣ ва руйдоди муҳимми таърихӣ бо фараҳмандию шодмонӣ ва ғурури ватандӯстонаи парчамдорӣ истиқбол гирифта мешавад.

 

Дар идомаи чорабинӣ кормандони Агентӣ доир ба мақому манзалати Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баромадҳои пурмуҳтаво ибрози андеша намуданд.

 

Дар охир директори Агентӣ Султонзода С.С. кормандони мақомотро ба муносибати «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрик гуфта, саломатӣ, иқболу саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азиз зери партави Парчами Ватан пешравию ободиҳои аз ин ҳам бештарро таманно намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан