ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди “Рӯзи Ваҳдати миллӣ”

 

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” доир гардид. Нахуст бо суханони табрикотӣ директори Агентӣ генерал - майори адлия Султонзода Сулаймон Саид баромад намуда, бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти устуворе, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон бо шарофати ин ҷашни бузург ва ифодагари ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ – “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ба даст омадааст, ҳайати шахсиро аз номи роҳбарияти мақомоти Агентӣ табрику таҳният гуфта, осоишу оромӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати доимии рӯзгорро таманно намуданд.

Қайд гардид, ки халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардад ва дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.

Дар воқеъ сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи қавии инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмати таърихии ин сиёсатмадори барҷаста дар роҳи раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ва вартаи нестӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ ба василаи талошҳои пайвастаи роҳбарияти Ҳукумати кишвар баҳри густариш ёфтани сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди минбаъдаи кишвар ва таъмини амнияти давлату ҷомеа таҳкурсии мустаҳкам ба вуҷуд овард.

Гузашти солҳо собит намуд, ки музокироти сулҳ роҳи ягонаи рафъи ихтилофоти дохилӣ, асоси пешрафту ободии кишвар мебошад ва мардуми тоҷик низ амиқан дарк намуд, ки Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа ва шарти асосии пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Бо боварии комил изҳор гардид, ки ҳайати шахсии Агентӣ дар баробари дигар фарзандони бо нангу номуси ватан таҳти парчами истиқлолу озодӣ тамоми кӯшишу талоши худро ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан ва осоиши ҳар як фарди мамлакат сафарбар месозанд.

Дар идомаи чорабинӣ кормандони мақомот бо маърузаҳои худ доир ба мақому манзалат ва арзиши олӣ доштани Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти халқи азизамон ибрози андеша намуданд.

Ҳамзамон, бо назардошти натиҷаҳои назарраси корӣ ва намунавор иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ як қатор кормандон ҳавасманд гардонида шуда, ғолибони мусобиқаи варзишӣ миёни кормандони Агентӣ дар намуди “Волейбол”, ки бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни бузургу муқаддаси “30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар ҳошияи таҷлили “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” миёни кормандони мақомоти Агентӣ ташкил ва баргузор гардида буд, бо тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.

  Маркази матбуоти Агентӣ

 



Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати маводи нашъаовари
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Хадамоти гумруки назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2021.