Таҷлили “Иди байналмилалии Наврӯз”
19 марти соли 2021 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Директори Агентӣ, генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид оғоз намуда, иштирокчиёнро бо ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз, яъне зиндашавии табиат, оғози мавсими киштукори фасли баҳор табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, бурдборӣ, барору комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.
Таъкид гардид, ки дар фарҳанги мардуми мо ҷашни Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд мебошад ва боиси ифтихори мост, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бузурги аҷдодиамон умри дубора касб карда, бо қарори бонуфузтарин ташкилоти ҷаҳонӣ - Созмони Милали Муттаҳид имрӯзҳо дар миқёси байналмилалӣ таҷлил карда мешавад.
Ҳамаи ин арҷгузориҳо ба Наврӯзи бостонӣ аз моҳияти олӣ, аҳамияти калони иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доштани ин ҷашни бузург шаҳодат медиҳанд.
Зеро, Наврӯз оинаест, ки забону замонҳои ҷаҳони офаринишро бозтоб медиҳад, ҳалқаҳои пайванди қавму миллатҳои ҳамфарҳангу ҳамтаърих ва ҳамтақдирро бо хусусиятҳои барои ҳамаи мардумони сайёра умумибуда таҳким мебахшад.
Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз кормандони Агентӣ баромад карда, дар бораи таърихи пайдоиш ва мақому манзалати он изҳори андеша намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ.