Чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Модар”
6 марти соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили “Рӯзи Модар” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст дар чорабинӣ Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид суханронӣ карда, модарону хоҳарон ва бонувони арҷманди Агентиро бо фарорасии ҷашни фархундаи “Рӯзи Модар” табрик намуда, ба ҳар яки онҳо тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори хушу осударо таманно намуданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки онҳоро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумлаи сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва дар сохторҳои қудратӣ низ ногузир медонад. Имрӯз ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан-модар дар ҷомеа, таъмини иштироки фаъоли онҳо дар идоракунии давлатӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос як қатор иқдомҳои назаррасро анҷом додааст.
Аз ҷумла, ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа” ва “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” чораҳои зарурӣ андешида шуда, занону бонувони лаёқатманд ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар идомаи чорабинӣ ҷавонони мақомот бо маърузаҳои худ бонувонро табрику муборакбод намуда, дар як вақт тамоми бонувони Агентӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомот бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Маркази матбуоти Агентӣ.