Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии низоми идоракунии молиявӣ ва назорати дохилиро дар бахши давлатӣ ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд (минбаъд ташкилотҳои бахши давлатӣ), муқаррар менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- идоракунии молиявӣ - маҷмўи ўҳдадориҳои идоракунӣ доир ба иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи тақсимкунандаи асосӣ, тақсимкунанда ва маблағгирандаи давлатие, ки бо мақсади таъмини риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба истифодаи самараноку натиҷабахши маблағҳои мавҷуда вогузошта шудаанд;

- идоракунии устувори молиявӣ - маҷмўи қарорҳо, тадбирҳо ва чорабиниҳое, ки ба истифодаи маблағҳои мавҷуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба таври сарфакоронаю самаранок ва натиҷабахш идора намудани онҳо равона шудаанд;

- назорати дохилӣ - тамоми низоми назорати молиявӣ ва воситаҳои дигари назорат дар ташкилоти бахши давлатӣ бо назардошти сохтори ташкилӣ, усулҳо, тартиб ва аудити дохилӣ, ки аз тарафи роҳбарият бо мақсади мусоидат ба фаъолияти қонунию самаранок ва натиҷабахш, инчунин барои ноил гардидан ба мақсадҳои ташкилот, созмон дода шудаанд;

- низоми назорати дохилӣ - низоми чораҳо ва расмиёти иҷрои онҳо, ки аз тарафи роҳбарияти ташкилоти бахши давлатӣ барои ноил гардидан ба идоракунии натиҷабахш, сарфакорона ва самараноки маблағҳои давлатӣ анҷом дода мешаванд, бо назардошти баҳисобгирии муҳосибавӣ, ҳисоботи молиявӣ, риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини нигоҳдории дороиҳо, пешгирӣ ва ошкор намудани амалҳои ғайриқонунӣ, саҳеҳию дурустӣ ва мувофиқати ҳисоботи молиявию идоракунӣ, иттилоот, инчунин таҳия намудани онҳо;

- ҳисоботи солона оид ба назорати дохилӣ дар бахши давлатӣҳисоботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иттилоот дар бораи ҳолати идоракунии молиявӣ ва назорат дар ташкилотҳои бахши давлатиро дар бар мегирад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Ташкил намудани низоми назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ

1. Ташкил намудани низоми назорати дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ ўҳдадории роҳбари ташкилот буда, барои анҷом додани идоракунии молиявӣ дар ҳамаи сохторҳо, барномаҳо, намуди фаъолият ва амалиёт, роҳбарии онҳо мувофиқи принсипҳои қонуният, идоракунии устувори молиявӣ ва шаффофият равона карда мешавад.

2. Низоми назорати дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ барои ноил гардидан ба мақсадҳои зерин ташкил карда мешавад:

- дурустӣ ва мукаммалии иттилооти молиявӣ ва идоракунӣ;

- фаъолияти натиҷабахшу сарфакорона ва самараноки мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои бахши давлатӣ;

- нигоҳдории дороиҳо;

- риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

БОБИ 2. МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯВӢ ВА НАЗОРАТИ ДОХИЛӢ ДАР БАХШИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Бо мақсади мутобиқсозӣ ва ҳамоҳангсозии идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ корҳои зеринро анҷом медиҳад:

- сиёсати назорати дохилии молиявиро тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва амалӣ менамояд;

- ҳар сол оид ба фаъолияти ҳамаи воҳидҳои сохтори аудити дохилии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои бахши давлатӣ хулосаи таҳлилӣ медиҳад;

- барои гузаронидани мушоҳидаи идоракунии молиявӣ ва назорат фармонҳо интишор менамояд, ки иҷрои он дар ҳамаи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои бахши давлатӣ ҳатмӣ мебошад;

- ҳисоботи солонаро оид ба ҳолати назорати дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ ҳар сол то 1 май ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- барои такмили ихтисос ва бозомўзии мутахассисони мақомоти молия доир ба масъалаҳои идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ мусоидат менамояд, инчунин ҳамоҳангсозии корҳоро дар ин соҳа анҷом медиҳад;

- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ менамояд.

БОБИ 3. ҲИСОБОТ ВА МАСЪУЛИЯТИ ИДОРАКУНӢ

Моддаи 5. Ҳисоботи идоракунӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ

1. Ҳисоботи идоракунӣ - ин вазифаи роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ доир ба пешниҳод намудани иттилоот оид ба риояи талаботи идораи устувори молиявӣ мебошад, ки ба мақомоти болоӣ ва ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд, ки дар асоси маълумоти аниқ ва натиҷаҳои таҳлили низоми назорати дохилӣ тартиб дода шудааст.

2. Риояи талабот оид ба ташкил намудани ҳисоботи идоракунӣ барои шаффофият, муқоисаи маълумот дар бораи ҳолати молиявии ташкилотҳои бахши давлатӣ, инчунин даромаду хароҷоти онҳо, ки барои истифодабарандагони ин ҳисобот зарур аст, хизмат менамояд.

Моддаи 6. Пешниҳод намудани ҳисобот

1. Роҳбарони аввали ташкилотҳои бахши давлатӣ на дертар аз 1 апрели соли равон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи худро бо фарогирии иттилоот оид ба фаъолият, мувофиқат, самаранокӣ ва натиҷабахшии низоми идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар соли сипаришуда пешниҳод менамоянд.

2. Шакл ва тартиби пешниҳоди чунин ҳисобот дар дастурҳои методии мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 7. Вазифаҳои роҳбари аввали ташкилотҳои бахши давлатӣ ва ташкилотҳои дигаре, ки ба низоми соҳавии идоракунӣ шомиланд

Вазифаҳои роҳбарони аввали ташкилотҳои бахши давлатӣ ва ташкилотҳои дигаре, ки ба низоми соҳавии идоракунӣ шомиланд, аз инҳо иборатанд:

- муайян намудани мақсаду вазифаҳои ташкилотҳое, ки ба онҳо роҳбарӣ менамоянд, таҳия ва иҷрои нақшаҳои дарозмуддат (нақшаҳои стратегӣ), нақшаҳои фаъолият ва барномаҳое, ки ба амали намудани мақсадҳо ва иҷрои вазифаҳо равона гардидаанд;

- мушаххаскунию баҳодиҳӣ ва идора намудани таваккале, ки ба амалӣ гардондани мақсаду вазифаҳои ташкилот таҳдид менамояд;

- банақшагирӣ, идоракунӣ ва баҳисобгирии маблағҳои давлатӣ бо мақсади расидан ба ҳадаф ва вазифаҳои ташкилот;

- риояи принсипҳои қонуният, устувории идоракунӣ ва шаффофияти истифодаи маблағҳои давлатӣ, инчунин идора ва харҷ намудани онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- роҳбарии самараноки кормандон ва ба сатҳи зарурӣ бардоштани маҳорати касбии онҳо;

- таъмини нигоҳдории дороиҳо ва иттилоот, инчунин ҳифзи боэътимоди онҳо аз гумшавӣ ва дастрасии ғайриқонунӣ ба иттилоот ва дороиҳо;

- ташкил намудани сохтори маъмурии муносиб барои самаранок анҷом додани вазифаҳо;

- тақсими соҳаҳои масъулият дар раванди қабули қарорҳо, назорат ва анҷом додани фаъолият;

- таъмини ҳисоботи пурраю саҳеҳ, дақиқу саривақтӣ аз анҷом додани ҳама гуна амалиёт;

- мушоҳида ва таҷдиди системаи идоракунии молиявӣ ва назорати қабули чораҳое, ки барои такмил додани он равона шудаанд, аз рўи тавсияҳои аудити дохилӣ ва дигар санҷишҳо;

- ҳуҷҷатикунонии ҳама амалиёт ва корҳо, инчунин таъмини имконияти назорати раванди онҳо дар ташкилот;

- ҷорӣ намудани расмиёти зиддикоррупсионӣ;

- ҳисоботдиҳӣ ва дар ҳуҷҷатҳо инъикос намудани ҳолати низоми идоракунии молиявӣ ва назорат.

БОБИ 4. УНСУРҲОИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯВӢ ВА НАЗОРАТИ ДОХИЛӢ ДАР БАХШИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 8. Муайянкунии унсурҳои идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ

1. Низоми идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ бо истифодаи унсурҳои зерин муайян карда мешавад:

- муҳити назоратӣ;

- идоракунии таваккал;

- амалӣ намудани чорабиниҳои гуногуни назорати дохилӣ;

- иттилоот ва коммуникатсия;

- мониторинг.

2. Роҳбарони ташкилотҳои бахши давлатӣ вобаста ба хусусиятҳои ҷойдошта, ташкил, амалиёт ва инкишофи унсурҳои идоракунии молиявӣ ва назоратро таъмин менамоянд.

Моддаи 9. Муҳити назоратӣ

1. Муҳити назоратӣ - чорабиниҳои гуногуни назорат дар дохили низоми соҳавии ташкилотҳои бахши давлатӣ мебошад, ки тақсими вазифаҳо, зинабандии мақомот ва қоидаҳои дақиқи иҷрои корҳо, инчунин низоми мураттаб сохтану тартиби пешниҳод намудани ҳисоботи хизматиро таъмин менамояд.

2. Муҳити назоратӣ аз масъалаҳои зерин иборат аст:

- одоби корбарии роҳбарият ва кормандони ташкилот;

- усули идоракунии фаъолият;

- сохтори ташкилие, ки тақсими ўҳдадориҳо, соҳаи масъулият ва принсипҳои тартиб додани ҳисобот оид ба иҷрои корҳоро таъмин менамояд;

- сиёсату таҷриба дар соҳаи идора намудани кормандон;

- салоҳиятнокии кормандон.

Моддаи 10. Идоракунии имконпазирии таваккал

1. Идоракунии таваккал аз мушаххаскунию баҳодиҳӣ ва назорати рафти ҳодисаҳо ва ҳолатҳои имконпазире иборат мебошад, ки ба амалӣ гардидани мақсадҳои ташкилот таъсири манфӣ мерасонанд.

2. Роҳбарони ташкилотҳои бахши давлатӣ бояд барномаи идоракунии таваккалро тасдиқ намоянд, ки он дар муддати 3 сол як бор таҷдиди назар карда мешавад.

3. Маҷмўи чораҳои назоратие, ки ба пешгирии таваккал равона гардидаанд, ҳар сол бояд мавриди таҳлил қарор дода шавад.

Моддаи 11. Амалӣ намудани чораҳои назоратӣ

1. Роҳбарони ташкилотҳои бахши давлатӣ маҷмўи чораҳои назоратиеро муқаррар ва амалӣ менамоянд, ки аз тасдиқи қоидаҳои фаъолияти соҳавӣ ва молиявӣ, тафтиш ва пешниҳоди ҳисобот, тартиб додани ҳуҷҷатҳо оид ба анҷоми амалиёти молиявӣ ва амалҳои дигари ба фаъолияти хоҷагиву молиявӣ алоқаманд мебошанд.

2. Чорабиниҳои назоратӣ дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

- назорати пешакии амалиёти молиявӣ аз тарафи сармуҳосиб;

- назорати ҷории амалиёти ҳисоббаробаркунӣ дар дохили ташкилот ва аз тарафи мақомоти хазинадорӣ;

- назорати минбаъда аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ.

3. Амалигардонии чораҳои назоратӣ бояд ба хусусияти таваккали амалиёти молиявӣ мувофиқ бошад.

Моддаи 12. Ваколатҳои назоратии роҳбари аввали ташкилоти бахши давлатӣ

1. Ваколатҳои назоратии роҳбари аввали ташкилоти бахши давлатӣ аз инҳо иборатанд:

- расмиёти додани иҷозат ва тасдиқ;

- тақсими ўҳдадориҳо бояд тавре гузарад, ки як хизматчӣ ҳамзамон барои тасдиқ, иҷро, пешниҳоди ҳисобот ва назорат барои иҷрои кор ҷавобгар набошад;

- расмиёти имзои дунафара, ки имкон намедиҳад амалиёти молиявӣ ва ё пардохт бе имзои роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ва корманди масъули сабти муҳосибот анҷом ёбанд;

- ҳуқуқ ба дастрасии дороиҳо ва иттилоот;

- назорати пешакии асоснокии муомилоти банақшагирифташуда, ки метавонад корманди махсус ваколатдоршуда ё шахси дигари аз ҷониби роҳбари ташкилот таъиншуда онро амалӣ намояд;

- муқаррар намудани тартиб барои мураттаб сохтани ҳисоботи саривақтии пурраю дуруст ва дақиқ оид ба анҷоми ҳамаи амалиёт;

- тафтиш ва пешниҳоди ҳисобот дар бораи амалҳои анҷомёфта;

- баҳодиҳии самаранокӣ ва натиҷабахшии амалиёт;

- расмиёти мониторинг;

- қоидаҳои идораи захираи кадрҳо;

- қоидаҳои тартиб додани ҳуҷҷатҳо оид ба анҷоми ҳамаи амалиёт ва намудҳои фаъолияте, ки ба фаъолияти ташкилот алоқаманд мебошанд.

2. Шартҳо ва тартиби назорати пешакӣ аз тарафи роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ тибқи дастурҳои методии мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.

Моддаи 13. Иттилоот ва коммуникатсия

Роҳбарони аввали ташкилотҳои бахши давлатӣ фаъолияти зарурии бахши иттилоотии низоми идоракунии молиявиро бо роҳҳои зерин таъмин менамоянд:

- мушаххас, ҷамъ ва паҳн намудани маълумоти саҳеҳ тибқи шакл ва мўҳлатҳои дахлдор, ки ба ҳар шахси мансабдор имкон медиҳад масъулияти муайянеро ба зиммаи худ гирад;

- самаранокии уфуқӣ ва амудии иерархӣ дар ташкилот, ки ба шахсони мансабдор барои ба таври дахлдор иҷро намудани ўҳдадориҳояшон имконият медиҳад;

- рушди низоми муносиби иттилоотии идоракунии ташкилот, ки барои ирсоли фармоишу нишондодҳои дақиқу возеҳ ба кормандон ва зерсохторҳо, ки ба фаъолияту масъулияти онҳо дар доираи назорату идора намудани молия алоқаманд мебошанд;

- ҷорӣ намудани низоми ҳуҷҷатгузорӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳо, ки қоидаҳои таҳия намудан, ба расмият даровардан, ирсол, истифода намудан ва ба бойгонӣ супоридани онҳо;

- ҳуҷҷатикунонии ҳамаи амалиёт, раванд ва транзаксияҳо бо мақсади таъмини нақшаи муайян барои кори аудиторӣ, ки имконияти таҳқиқ ва пешбурди мушоҳидаро фароҳам меорад;

- ташкил додани низоми самараноки таҳияи саривақтии ҳисобот, оид ба дараҷа ва мўҳлати таҳияи ҳисобот, намудҳои ҳисобот ва маърўзаҳое, ки ба баррасии роҳбарият пешниҳод карда мешаванд, шакли маърўзаҳо дар ҳолати ошкор намудани хатоҳо, низоми нодурусти фаъолият, сўиистеъмол, қаллобӣ ва ғайриқонунӣ аз худ кардани маблағҳо.

Моддаи 14. Мониторинг

1. Дар ҳамаи ташкилотҳои бахши давлатӣ ба таври ҳатмӣ низоми муосири мониторинги идоракунии молиявӣ ва назорат ҷорӣ карда мешавад, ки арзёбии муносибии фаъолияти он ва дар ҳолати тағйир ёфтани шароит азнавсозии низоми идораро таъмин менамояд.

2. Мониторинг бояд дар асоси назорати фаврии шахсии роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, худбаҳодиҳии роҳбар ва натиҷаҳои аудити дохилӣ амалӣ карда шавад.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 16. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

21 июли соли 2010 № 626

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе,

2 июни соли 2010, № 815

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе,

8 июли соли 2010 № 56

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.