10 январ - «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия»

Боиси ифтихору сарфарозист, ки таъсисёбӣ ва ташакули мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори давлатӣ натиҷаи соҳибистиқлолии кишвари азизамон ва пештар аз ҳама, ташаббуси бевоситаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

 

Соли 2006 баъди аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор гардид, ки қонунгузории худро ба Конвенсияи мазкур мутобиқ намуда, мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсияро таъсис диҳад.

 

Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143 Политсияи андоз ва Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то ин замон ҳамчун мақомотҳои муборизабаранда бо коррупсия амал менамуданд, барҳам дода шуда, мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бар зидди коррупсия - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

 

Ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти Агентӣ ва мансубияти ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта 20 марти соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, ба як қатор санадҳои қонунгузории соҳавӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи муқовимат ба коррупсия тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

 

Таъсиси Агентӣ  аз дастовардҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия ба шумор рафта, фаъолияти пурсамари он ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандон вобастагии калон дорад.

 

Таърихи таъсис ва ташаккулёбии мақомотӣ Агентӣ нишон медиҳад, ки ҷиҳати фаъолияти самаранокии ин мақомоти ҷавон, мустаҳкам намудани пояҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва таъминотии он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳои зиёд зоҳир карда мешавад.

 

Дар воқеъ самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимиятӣ давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич дорад. Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.

 

Дар ин раванд вазифаи ҳамаи субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда муҳимму мураккаб буда, он ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷамъият, ташкилоту идораҳо, таъмини қонуният, ошкор ва пешгирӣ намудани кирдорҳои коррупсионӣ равона гардидааст ва дар навбати худ аз кормандони соҳа донишу малакаи касбӣ, масъулияти баланд ва поквиҷдонию ватандӯстиро тақозо менамояд.

 

Қобили қайд аст, ки кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти муқовимати дастаҷамъона бо омилу кирдорҳои коррупсионӣ саҳмгузор бошанд.  

 

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи тақвияти сиёсати зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳуроти номатлуб муваффақиятҳои зиёд ба даст овардааст.

 

Боварии комил дорем, ки чораҳои зиддикоррупсионие, ки имрӯз татбиқ мегарданд, марҳила ба марҳила барои паст кардани шиддати коррупсия кӯмак расонида, инчунин барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати муқовимат бо ин падидаи манфур шароити мусоид фароҳам меоварад ва тафаккури мардумро нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб ба куллӣ тағйир медиҳад.

 

Дар охир ҳамаи кормандони соҳаро бо иди касбӣ - «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» табрику шодбош гуфта, бар ҳар яки онҳо саломатӣ ва ҷиҳати иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ  муваффақиятҳои боз ҳам бештарро орзумандем.

 

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ