Ба муносибати 78 – солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар таърихи мавҷудияти худ инсоният ҳодисаву воқеа ва рӯйдодҳои дорои аҳамияти гуногунро аз сар гузаронидааст, ки ин санаҳо ва воқеаҳо дар саҳифаҳои зиндагиномаи ӯ бо ҳар сабку услубе дарҷ гардирдаанд. Баъзеи ин санаҳо рӯйдодҳои неку хушҳолкунанда, вале бархеи дигар мутаассифона воқеаҳои сангину нафратоваре ҳастанд, ки барои ҳар як миллат ва давлати соҳибистиқлол ё мояи ифтихор аст ва ё мояи шармсорӣ.

 

Вақте ба умқи ҳодисаву воқеаҳои таърих назар мекунему дар бораи ҳар як ҳодисаи дар солҳои гуногун баамаломада аз сарчашмаҳои мухталиф маълумоти муътамадро ҷӯё мешавем, дар баробари дигар ҳаводиси сангину нангини таърихӣ, пеш аз ҳама маълумоти солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) рӯи дастамон қарор мегирад. Ин ҳодиса бо гузашти ҳар сол гарчанде дар хотираҳо боқӣ мемонад, вале аҳамият ва мақоми худро боз ҳам бештар намудаву тақвият медиҳад.

 

Ин ҷанг, ки аз ҷониби фашистони гитлерӣ аҳдшиканона дар сарзамини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ карда шуд, барои бозмондагонаш ҳамчун ҳодисаи шармовар қарор гирифт. Дар ин ҷанг, ки басо хунину мудҳиш буд, қувваи некӣ бар бадӣ пирӯз шуда, душмани ғаддор ба шикасти нангинаш рӯ ба рӯ гардид. Пирӯзӣ насиби қавму миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ гардид ва ин ғалаба барои насли имрӯзу ояндаи мо боиси ифтихору сарбаландӣ аст.

 

Ғалаба бар фашизми гитлерӣ 9 майи соли 1945 насиб шуд ва ин санаи муҳиму тақдирсоз дар аксари ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Украина, Белорусия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Молдовия, Туркманистон, Гурҷистон ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (ИҶШС) ҷашн гирифта мешавад.

 

Тибқи иттилои манбаъҳо башарият аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст.  Он мувофиқи маълумоти расмӣ гарчанде 5 сол идома карда бошад ҳам, вале аслан мушкилоти он аз соли 1939 шурӯъ шуда, то соли 1945 идома ёфтааст. Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиёти ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтааст. Шумораи нафарони сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ҷароҳатҳои гуногуни сангин бардошта, ба азоби тоқатфарсо гирифтор гаштанд.  

 

Албатта, пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ агар аз як сӯ муттаҳидӣ ва дӯстии қавму миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро инъикос намояд, аз ҷониби дигар иродаи қавию ҷавонмардии мардони ҳақиқии набард ба ҳисоб меравад, ки дар ин миён аз ҳама бештар миллати тоҷику ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони Шӯравӣ саҳми беназир дорад. Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз ҷумла аҳли заҳмати Тоҷикистон бо талошу корнамоиҳои худ дар таъмини Ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Он солҳо дар корхонаҳои саноатӣ, хусусан камбинати абрешими Ленинобод, фабрикаи бофандагии «Красний ткач» ва дигар корхонаву коргоҳҳои хурду бузург ҳама аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» фаъолият мебурданд. Ҳар сокини ватандӯст мехост дору надори худро барои пуштибонии артиши Шӯравӣ ва аскарон сарф кунад.

 

Тавре баён намудем, дар ин ҷанг саҳми Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ дар заминаи сафарбар намудани шаҳрвандонаш хеле назаррас мебошад. Дар солҳои ҷанг аз ҷумҳурии мо зиёда аз 260 ҳазор ҷавонону мардони шоистаи корзор ширқат карданд, ки аз ин шумора 92 ҳазор нафар қаҳрамонона ҳалок гаштаанд. Мардуми шарафманди тоҷик дар ин марҳилаи таърихӣ сарбаландона ба дифои марзу бум ва шарафу номуси худ сар баланд намуда, ҷоннисориҳои зиёд намудаанд. Вобаста ба вазъияти ҳарбӣ - сиёсӣ ва талаботи ҷанг бо супориши Комиссариати Халқии Мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ аз 27 ноябри соли 1941 дар қаламрави Тоҷикистон барои ташкили қисм ва қӯшунҳои ҳарбии миллӣ иҷозат дода шуда буд. Ба сафи ин қисмҳо беҳтарин фарзандони Ватан интихоб ва дохил карда шуданд.

 

Ҳамин тариқ, дар давоми моҳи декабри соли 1941 ва марти соли 1942 дивизияи 104-уми қалавури тирандоз ва 88-уму 99-уми бригадаҳои тирандоз ташкил ёфт. Баталёни инжинерии дар аэродроми Ленинобод ташкилёфта низ, дар майдонҳои ҷангӣ корнамоиҳои зиёд нишон дода, то ба пойтахти Германияи фашистӣ шаҳри Берлин рафта расидааст. Корномаи ватандӯсти тоҷик Саидқул Турдиев намунаи ибрати наслҳо буда, дар таърихи халқу миллат ҷовидона сабти заррин шудааст. Дар оғози ҷанг ӯ мартабаи баланди замонаш депутати Совети Олӣ, ҷонишини Комиссариати комитети замин буда, аз шахсони баландмартаба яке аз аввалинҳо шуда хоҳиши ихтиёран ба фронт рафтанро кардааст. Саидқул Турдиев дар мубориза бо фашизм корнамоиҳои зиёд нишон дода, соли 1944 ҳангоми убури дарёи Днепр қаҳрамонона ҳалок мегардад. Баъди маргаш ӯ ба унвони олии «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» мушарраф гардонида шудааст. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шудаанд.

 

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар гардида, дар муҳорибаҳои шадид ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон додаанд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ намудаанд. Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Ба шароитҳои ниҳоят вазнини корӣ нигоҳ накарда, меҳнаткашон тамоми қувваи худро ба он равона намуда буданд, ки қатор-қатор вагонҳои пурбор шабу рӯз аз Тоҷикистон ба сӯи фронт дар ҳаракат бошанд. Либосҳои гарму пойафзоли чармин, ғаллаю озӯқаворӣ, маҳсулоти ширию гӯштӣ, меваю сабзавот, абрешим, металҳои рангаву нодир, маъдан, таҷҳизотҳои гуногуни таъиноти ҳарбидошта ва дигар маводу ашёҳои зарурӣ барои таъминоти Артиши Шӯравӣ фиристонда мешуданд.  

 

Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сӯм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ намудаанд.

 

9 май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) эълон гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кӯчаҳову майдонҳо ва як боғи сарсабзу бошукуҳе бо номи “Боғи Ғалаба” дар Душанбе номгузорӣ шудааст. Дар ҳар яке аз ин маконҳо пора аз хотира ва ёдгориҳои он даврон нигоҳдорӣ мешавад, ки барои рамзи ҷовидонагӣ дар Боғи Ғалаба оташи абадзинда ҳамеша фурӯзон аст. Дар арафаи иди ғалаба ҳамасола дар саросари мамлакат вохӯрӣ ва аёдати собиқадорону итирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зери унвони «Поси хотир» баргузор мегардад, ки барои бедор намудани ҳисси ватандустӣ аз аҳамият холӣ набуда, дар рӯҳияи диловариву шуҷоатмандӣ ва сарсупардагӣ тарбия ёфтани ҷавонон нақши босазое мегузорад.

 

Ҷанг дар ҳар давру замон ҳамеша харобӣ ба бор овардааст, ки ба насли инсон ҷуз талафоту хисорот ва нобудӣ дигар нафъе нарасонидааст. Аз ин рӯ, ҳар як фарди солимақлро лозим аст, то аз ин саҳифаҳои шуми таърихи инсоният сабақ гирифта, дигар дар ҳеҷ шароите роҳи ҷангро барои ҳалли мушкил пеш набояд гирад. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ пайваста ба сулҳу оромӣ ва ватандӯстиву ободкорӣ талқин менамоянд, ва аз ҷанг ҳазар гуфта, ба ҳар сокини бошарафи миллати хушбахти тоҷик, ки марҳилаҳои зиёди сангини таърихиро пушти сар намудааст, таъкид менамояд. Пас ҳамаи моро лозим аст то ба қадри ин марзу бум ва ин хоку об расида, барои ҳифзу нигаҳдории якпорчагии он ҳамеша дар ҳоли омодабош устувор бошем ва чун аҷдодони пирӯзманди худ мояи ваҳму тарси аҷнабиёни ғосибгар бимонем.

 

Иди Ғалаба муборак ҳамватанони азиз!

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ