Артиши миллӣ-сипари боэътимоди давлат

 Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи рӯзҳои ид”    23-юми феврал ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, ба иди расмӣ-давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

 

 Лозим ба тазаккур аст, ки мардуми сарбаланду фарҳангофари мо имсол 30-солагии таъсиси Артиши миллиро, ки яке аз рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватан мебошад, ҷашн мегиранд.

 

 Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад.

 

 

  Артиши миллӣ ва неруҳои Қувваҳои муссалаҳи кишвар зодаи даврони истиқлолият буда, баъди якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, яъне дар шароите таъсис дода шуданд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлолияти он таҳти хатари нобудӣ қарор дошт.

 

 Бори нахуст, дар марҳилаҳои аввали истиқлолияти комили сиёсии кишварамон бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилафармонҳо доир ба таъсиси неруҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба тасвиб расонида шудаанд, ки онҳо дар таъмини амнияти кишвар ва ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ саҳми муаассир гузоштанд.

 

 Чунончӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ», аз 4 январи соли 1992 «Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 10 июни соли 1992 «Дар бораи таъсиси Горди халқӣ» ва аз 17 сентябри соли 1992 «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазорату идораҳои махсусгардонидашудаи ҳарбӣ таъсис дода шуданд, ки онҳо дар ҳифзи марзу буми кишвар то кунун хидмат намуда истодаанд.

 

 Қайд кардан ба маврид аст, ки аз таъсисёбии Артиши миллӣ муддати зиёд сипари нашуда ба души он якҷо бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иҷрои вазифаи басо бузург ва масъулияти ниҳоят муҳим, яъне таъмин намудани субот ва амнияти кишвар вогузошта шуд, ки тақдири миллат ва дастовардҳои истиқлолият аз ҳалли онҳо вобаста буд.

 

 Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Ҳарчанд ки артиши миллии мо пас аз соҳибистиқлолии давлати ҷавонамон дар вазъияти ниҳоят мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ҷузъу томҳои он дар як муддати начандон тулонӣ барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлолияти мамлакатамон омода гардиданд».

 

 Бахшида ба таҷлили 28-солагии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон, Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро шоҳсутуни давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон номида иброз намуданд, ки «...бо қаноатмандиву сипос хотирнишон месозам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми басо арзишманд доранд».

 

 Бо мураккабу печида гардидани вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, қабл аз ҳама, терроризму ифротгароӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз намуданд, ки «...мо бояд ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо иқтидори мудофиавии мамлакатро тақвият бахшем».

 

 Тоҷикистон дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳаммарз ва минтақа сиёсати дӯстӣ, некӯҳамсоягӣ ва мудохила накардан ба корҳои дохилии якдигарро пеша карда, ҳадафи эҷоди навори эътимоду амниятро дар тӯли марзи кишвар пайгирӣ мекунад.

 

Ин сиёсат дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масоили сарҳадӣ ва ҳалли осоиштаи онҳо ба воситаи музокироту гуфтушунидҳо, ҳусни тафоҳуми ҷонибҳои дахлдор ва эътирофи усули баробарӣ ва тақсимнопазирии амният дар минтақа такя мекунад.

 

 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки низоми нави ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ аз ҷангу низоъҳо, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии миллӣ, диниву тамаддунӣ комилан озод бошад ва ба ҳамкориву шарокати баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад.

 

 Имруз бо ифтихор гуфта метавонем, ки артиши миллиамон ба талаботи муосири замон ҷавобгӯ буда, он натанҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ нуфузу мавқеи хосаро касб намудааст.

 

 Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муҳофизати ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси ин сарзамин, арзишҳои милливу давлатӣ, музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки он ҳама таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми бошарафи Тоҷикистон ба даст омадааст, омода буда, савганди садоқатмандӣ ба халқу Ватан ва сарвари ғамхори худро ҳамеша ҳифз менамоянд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ