Бузургтарин сармояи миллат Истиқлолият аст!

Ҳамватанони азиз!

 

 Ҳамагон огаҳӣ дорем, ки санаи 9 сентябри соли 1991 дар асоси Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти Шӯрои Олӣ «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

 

 Шурӯъ аз ҳамон санаи таърихӣ инак 31 сол мешавад, ки дар Ватани маҳбуби мо ҳамасола 9 сентябр ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ, ватандорӣ, нишонаи ҳуввият, озодӣ ва сарфарозию номуси миллат  бо ифтихор таҷлил мегардад.

 

 Асосгузори сулҳу ваҳдадти миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, бо дарки азамату шукӯҳи ин дастоварди олӣ, Истиқлолияти давлатиро «муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат» арзёбӣ кардаанд, ки воқеан ин баҳогузорӣ ҳақиқати бебаҳс аст.

 

 Дар воқеъ, охирҳои садаи ХХ-ум ба миллати тоҷик муяссар гардид, ки бо тулӯи хуршеди истиқлолият тақдири давлати худро ба даст гирад.

 

 Ба ибораи дигар, танҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ миллати куҳанбунёди тоҷик имкон пайдо кард, ки баъд аз ҳазор сол соҳиби давлати мустақил, ҳамчунин соҳиби Парчаму Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ гардад.

 

 Вале мо бояд, ба хотири фаромӯш накардани қадру қиммат, манзалат ва арзиши бебаҳо доштани ин неъмат мунтазам ёдовар шавем, ки Истиқлолияти давлатии мо ба осонӣ ба даст наомадааст.

 

 Вазъи ногувор ва муташанниҷе, ки кишвари мо дар солҳои аввали тозаистиқлолӣ дошт, пойдории Истиқлолияти давлатиро зери суол мебурд, қариб ҳамаи мағзҳои солимфикр, шахсиятҳо ва сиёсатмадорон аз ҷумҳурӣ фирор карданд ва ё худро аз умури давлатдорӣ канор гирифтанд, халқу миллат дар чорсӯи номуайяниву ноумедӣ қарор дошт.

 

 Таърихнигорон собит кардаанд, ки: «Дар ҳазор сол як бор иттифоқ меафтад, ки як фард дар сарнавишти таърихии ин ва ё он миллат пешгому ташаббускор бошад ва тани танҳо тавонад маҳбуби ҳамаи халқҳо гардад ва ҳамагӣ ӯро дӯст дошта бошанд.».

 

 Агар дар ҳазорсолаи қаблӣ барои наҷоти миллат ва поягузории давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ рӯйи кор омада бошад, пас аз ҳазор сол, яъне дар он лаҳзаҳои даҳшатбору парешонӣ, ки хавфи маҳв шудани давлату миллат эҳтимол дошт, Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ зимоми давлатдориро ба уҳдаи қаҳрамони воқеӣ, абрмарди таърихӣ, наҷотбахши миллат - Эмомалӣ Раҳмон дод ва аз нахустин суханрониву ибтикороташ, ки дар он ибораи “Ман ба Шумо сулҳ моварам” бо як самимияти воқеӣ садо дод ва чароғи фардои дурахшон ба дили мардум равшан гардид.

 

 Халқи тоҷик бо эътимоди комил ба Роҳбари хирадманди тозаинтихоби худ, ки ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои сарварӣ, пешвоёна, бо азми қатъӣ ва ҷасорати бемисл қадам мезад, тавонист пеши роҳи ҷангу хунрезиро дар мамлакат гирифта, Тоҷикистони соҳибистиқлолро марҳила ба марҳила дар масири рушду тараққиёт қарор диҳад.

 

 Соли сипаригардида мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами худ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишварро ҳамчун «Ҷашни бошукӯҳи миллӣ» бо ифтихору сарбаландӣ таҷлил намуда, дар раванди ин ҷашнвораи миллӣ гузашти 30 солро аз ибтидои душвори даврони соҳибистиқлолӣ, таҳлилу хулоса ва дар ин замина, ояндаи Ватанро пешгӯйӣ карданд.  

 

 Воқеан арзёбии нишондиҳандаҳо собит намуданд, ки мардуми сарбаланди мо бо шарофати Истиқлолият ва бо сарварии хирадмандона ва роҳнамоии дурандешонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурсати начандон тӯлонӣ дар барқарорсозии шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият, сохтору мақомоти давлатӣ, таъмини сохти конститутсионӣ, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти миллӣ, сулҳу суботи комил, пойдории ваҳдати миллӣ, бунёдкориву ободонӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ ва дигар соҳаҳо ба дастовардҳое ноил гардидаанд, ки таърихи ягон халқияту миллат дар гузаштаи худ назиру собиқа надорад.

 

 Зикри ҳамин нишондиҳанда кофист, ки танҳо дар ҷодаи корҳои созандагию ободкорӣ, ки дар мавриди Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, то баргузории он дар кишвар зиёда аз сӣ ҳазор иншоотҳои нави иҷтимоӣ ва садҳо километр роҳҳо сохта, ҳазорҳо гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шуданд.

 

 Имрӯз метавон бо итминон хулоса кард, ки  мардуми ин сарзамин зери роҳбарии Пешвои худ тавонист, ки давлатдории миллии худро комилан наҷот дода, тамомияти арзии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ягона ҳифз намояд, низом ва аркони давлатдориро пурра барқарор ва сулҳу ваҳдати миллиро пойдор, ҳамчунин мактаби давлатдории муосир ва модели миллиро дар ин самт ташаккул дода, дар маҷмӯъ ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намояд.

 

 Натиҷагирии фаъолияти сисолаи Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки халқи тоҷик барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани худ дар ояндаи наздику минбаъдаи он нақшаҳои азимеро пайрезӣ кунад.

 

 Бо ин мақсад, бо ибтикори Президенти кишвар ҷиҳати рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии кишвар солҳои 2022 - 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид.

 

 Дар ин раванд, Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳоро барои истиқболи сазовори 35 - солагии истиқлолияти давлатӣ ва солҳои рушди саноат дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим таҳия ва тасдиқ намуд.

 

 Дар санади мазкур андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати татбиқи амалии стратегияву барномаҳои соҳавӣ, ташаккул додани соҳаи тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани рушди саноати коркард ва хӯрокворӣ, инчунин, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ҳамаҷониба пешбинӣ карда шудаанд, ки дар раванди татбиқи он бунёди зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тармаи дорои сатҳи байналмилалӣ ҷузъи чорабиниҳои нақшаи мазкур маҳсуб меёбанд.

 

 Аз нақшаи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сол сипарӣ гашт ва мову Шумо шоҳиди он ҳастем, ки ин ташаббуси Сарвари давлат байни хурду бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамовозӣ пайдо карда, сокинони бонангу номуси миллат тамоми саъю талоши ватандӯстонаи худро ба хотири амалӣ намудани нақшаву барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла татбиқи нақшаҳои саноатикунонӣ, ободиву созандагии Ватан ва бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни  35 - солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон сафарбар карда истодаанд.

 

 Воқеан дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир барои мо таҳкими Истиқлолият, боз ҳам устувортар гардонидани пояҳои давлат ва ба дараҷаи зарурӣ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мазмуни ҳаётан муҳим пайдо кардааст.

 

 Зеро раванди қувватгирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ,  пешрафти босуръати илму техника ва вазъи сиёсии давлатҳои ҳамсоя  моро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

 

 Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз равандҳои ҷаҳонишавӣ берун нест ва ҳоло, ки муносибатҳои байналмилалӣ торафт вусъат ёфта истодаанд, моро зарур аст, ки бо дарки дурусти мақсад ва ҳадафҳои пешгирифта дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ватани азизамонро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшем.

 

 Дар панҷ соли оянда тамоми захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба хотири рушду тараққиёти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани маҳбубамон ва истиқболи арзандаи 35 солагии ин ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ сафарбар намоем.

 

 Дар ин ҷода, ҳар як фарди бо нангу номуси ватан вазифадор аст, ки дар баробари таҳкими ҳар як дастовардҳои даврони Истиқлолият ва гузоштани саҳми босазо дар ободу зебо гардонидани диёри худ инчунин барои рушду камоли ҳамаҷонибаи Ватан ва бунёди ҷомеаи комилан адолатпарвару демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳмгузор бошад.

 

 Ҳар яки моро зарар аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои воло ва озодаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садоқат ба Пешвову миллати худ зери парчами  давлатдории  миллӣ таърихи навини худро монанди таърихи куҳан шукуҳманд ва пурифтихор гардонем.

 

 Дар фаровард таманнои онро дорем, ки парчами озодӣ дар фазои Ватани аҷдодии мо ҷовидон парафшон бошад ва хуршеди озодиву истиқлолият ба хонадони ҳар фарди кишвари маҳбубамон то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад, ситораи иқболи давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша фурӯзон бошад ва нури истиқлол барои миллати тоҷик чароғи раҳнамо ба сӯи фатҳу нусратҳои оянда гардад.

 

 Мо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як фарди хештаншиносу худогоҳи ватани азизамонро ба муносибати ин санаи фараҳбахш самимона табрику муборакбод намуда, пеш аз ҳама хонаободӣ, хушбахтиву пирӯзӣ, саодати зиндагӣ, табъи болида ва барору комёбиҳоро таманно дорем!

 

 Зиндаву ҷовид бод Тоҷикистони озоди мо!!!

 

Маркази матуботии Агентӣ

 

Чоп намудан