Ваҳдати миллӣ-пояи сулҳ

 Бисту панҷ сол қабл, яъне бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи хуҷҷати сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.

 

 Зеро ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.

 

 Маҳз ба ҳамин хотир мардуми шарафманди мо рӯзи бисту ҳафтуми июнро ҳамасола ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ, тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳёи маънавию иқтисодии кишвар ва осоиш дар ҷомеаи навини Тоҷикистон ҷашн мегиранд.

 

 Яке аз воқеаҳои муҳими таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад.

 

 Марҳалаи асосии таърихи сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси Раиси он интихоб шудани фарзанди шоистаи халқ, Қаҳрамони Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Барқарор шудани Ҳукумати қонунӣ, кӯшиши ба роҳ мондани гуфтушуниди байни Ҳукумат ва мухолифин, ниҳоят изҳороти Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди барқарор намудани сулҳ дар кишвар аввалин иқдоми ҷиддӣ дар ҷодаи ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбанд.

 

 Рисолати таърихии иҷлосияи мазкур дар ин аст, ки хавфи аз байн рафтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақсимшавии миллатро пешгирӣ кард. Тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию маънавӣ баровардани кишвар пешниҳод намуд, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян кард, барои ба мувофиқа овардани қувваҳои солими ҷомеа-ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои мардумӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ заминаи созгор муҳайё намуд, самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро тарҳрезӣ кард.

 

 Сарвари тозаинтихоби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳаётан зарур таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир мекарданд. Аввалан, бояд дар саросари кишвар оташбас эълон шуда, аз муқовимати мусаллаҳона даст кашида ба гуфтушуниди натиҷабахш оғоз карда мешуд. Дуюм, гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва ҷои зисти доимиашон баргардонда мешуданд.

 

 Ҳамзамон ба масъалаи ҷорӣ шудани қонуният, барои таъмини мардум бо маводи озуқаворӣ чораҳои таъҷилӣ андешида шуда, бояд таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи Тоҷикистон ҷалб мегардид. Аммо ин корҳо соддаву осон набуданд.

 

 Барои расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ тоҷикон роҳи тӯлониро паси сар намуданд. Ҳаминро бояд таъкид намуд, ки роҳи сулҳро барои мардуми азияткашидаи тоҷик Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ боз намуд.

 

 Бо заҳмату талошҳои Сарвари давлат баҳри ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаи Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамуд. Баъди Иҷлосия, вазъияти Тоҷикистон дар Анҷумани Шӯрои амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар сатҳи вазирони умури хориҷӣ дар Стокголм 14-15 декабри соли 1992 баргузор гардид, баррасӣ шуда, дар он аз ҷумла, аз ҳар ду ҷониби дар ҳоли ихтилоф қарордошта даъват карда шуд, ки ба мухолифат хотима бахшида, ба музокироти созанда, ки барои ба танзими сиёсӣ даровардани Тоҷикистон асоси ягона аст, оғоз намоянд.

 

 Ягона роҳ барои тоҷикон ин ҳалли низои дохилӣ бо роҳи сиёсӣ буд ва дигар идома додани ҷанг барои мардум аз ҳар ҷиҳат хатаровар ба ҳисоб мерафт. Барои расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон раванди музокироти тӯлонии миёни тоҷикон нақши калидӣ бозидааст.

 

 Агар ба таърихи баргузории музокироти тоҷикон назар афканем дар ҳалли бисёр масъалаҳои муҳим нақш ва мақоми Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври равшану возеҳ аён мегардад.
Музокироти миёни тоҷикон, ки аз 5-уми апрели соли 1994 оғоз гардида то 27-уми июни соли 1997 идома ёфт, дар се сатҳ баргузор гардида буд ва яке аз онҳо вохӯрии сатҳи олӣ ба ҳисоб мерафт.

 

 Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои муҳими мавриди ихтилофи тарафайн назаррас буда, дар душвортарин лаҳзаҳои гуфтушуниди тарафайн роҳи ҳалли онро пайдо менамуд.

 

 Яке аз солҳои бениҳоят душвор ва сарнавиштсози гуфтушунидҳо соли 1995 буд, ки дар ин сол аввалин бор музокироти сатҳи олӣ дар шаҳри Кобул баргузор гардид. Дар вазъияти мураккаб ва ноамнии комил дар шаҳри Кобул, ки дар бист километр берун аз он ҷанги шадиди байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мухолиф идома дошт ва мушакҳо ба тарафи шаҳр парронда мешуданд, музокирот байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифини собиқ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ шурӯъ гардид. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароити сахт ва хатарнок барои таъмин ва истиқрори ҳар чӣ зудтари сулҳу салоҳ дар Ватан ва оромии миллат ҷони хешро ба гарав монда, ду рӯз музокироти хеле муҳим ва сарнавиштсозро муваффақона анҷом дод. Дар худи Тоҷикистон низ ҳамон сол дар минтақаҳои зери нуфузи мухолифини собиқи мусаллаҳ мулоқоту гуфтушунидҳо сурат гирифт, ки баъдан натиҷаи хуб доданд.

 

 Умуман дар давоми музокиротлӣ 27-уми июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия – шаҳрии миёни тоҷикон 40 ҳуҷҷати муҳим ба имзо расида, бо саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон ба мувофиқа расиданд ва ин музокирот бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти мил Москав ба итмом расид, ки он ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима бахшид.

 

 Барои татбиқи давра ба давраи сулҳи сартосарӣ, таъмини фазои боварӣ ва эътимод ба ҳамдигар, аз байн бурдани фазои бадбинӣ ва даргириҳои мусаллаҳ, фаҳмондани ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, халъи силоҳ намудани баъзе қумондонони саркаш ва дар амал татбиқ намудани созишномаҳои имзошуда, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бо тасмими тарафҳои музокироти сулҳи тоҷикон Комиссиони Оштии Миллӣ таъсис гардид.

 

 Дар воқеъ сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи қавии инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмати таърихии ин сиёсатмадори барҷаста дар роҳи раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ва вартаи нестӣ мебошад.

 

 Бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти устуворе, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон бо шарофати ин ҷашни бузург ва ифодагари ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ - Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба даст омадааст, ҳамаи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро аз номи мақомоти Агентӣ табрику таҳният гуфта, ба хонадонатон осоишу оромӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати доимии рӯзгорро орзу менамоям.

 

 Ҷашни Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ муборак бошад ҳамдиёрони азиз!


   Роҳбарияти Агентии назорати давлатии
молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ