Модар рӯшноии умр ва бахшояндаи ҳаёт аст

  Дар раванди рӯзгор аз таҷриба ва гузашти айём борҳо исбот шудааст, ки модарону бонувони дурандеш ҳамчун сокинони диёри ишқу муҳаббат ба мардони хеш ҷасорат, нангу номус, шаъну шараф ва қудрати ҳифзи сарҳади ҳамқисматро бахшида, онҳоро доимо огоҳ месозанд, ки дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, адолату садоқат ва меҳру муҳаббати инсонӣ тарбият ёфта, ҳамеша ба миллату ватан содиқ буда, дар рӯзҳои вазнинтарини ҳаёт истодагарӣ намоянд.

 

  Зан - Модар, ин офаридгори ҳаёт, нерую рӯшноидиҳандаи умр ва зиндагии башарият ба шумор рафта, маҳз бузургӣ ва бартарии модарон аз дигарон дар хоксориву фурутанӣ, бахшояндагиву меҳрубонӣ ва садоқати азалии ӯст.
Танҳо модар метавонад, ки дар ҳаёти хеш нақши хотирмонеро ба фарзандонаш боқӣ гузорад. Аз ин лиҳоз, бузургон модаронро сарчашмаи ҳаёт ва гурдофаридони замону ояндасозони ҷаҳон, муждарасону мунодии қаламрави ҳастӣ, ҳалқаҳои мустаҳками силсилаи наслҳо ва гулҳои зеботарину хушнакҳати боғи умеду орзу хондаанд, ки баҳору зиндагиро рангу тароват мебахшанд.

 

 Чуноне шоири ширинкаломи тоҷик Муҳаммад Ғоиб мефармояд:

 

Қисмат ба тоқи хонаи ҳастӣ навиштааст,
Модар фаришта нест, баланд аз фаришта аст.
Тасбеҳи зиндагист, ҳама муҳраҳои меҳр,
Дурдонаи мароми ҳамин нармришта аст.
Мо хӯшаи замини барӯманди модарем,
Моро чу дони бахт ба умед кишта аст.
Гарчи ба кӯи васл расидем, то ҳанӯз,
Раҳпои мо ба пушти дари ҳаҷр шиштааст.
Сӯзад барои мо, вале аз ҷинси нур нест,
Парвардигор пайкараш аз гил сиришта аст.
Бандад камар ба хидмати одам фаришта ҳам,
Модар фаришта нест, баланд аз фаришта аст.

 

 Албатта нисбати зан - модар дар шакли назму наср асарҳо эҷод кунему китобҳо нависем ҳам, наметавон ба пуррагӣ ситоиши онҳоро рӯи коғаз овард, яъне аз замин то само ҳама аз бузургиву фазилати онҳо шаҳодат медиҳад.
 

 Модар ин сарчашмаи меҳру муҳаббат, шафқати беканор, нури ҳар як хонадон, ҳуснбахши замину нусратбахши тамоми рӯҳи инсон, моҳи дурахшонест, ки шабҳои зулмоти моро пурнур мекунад. Нафаси ӯ насимест, ки оромиши тани моро дар он ҷой мекунад, чеҳраи нурониаш барои мо азизу муқаддас аст ва дастони навозишгараш таскинбахши мо дар ҳама лаҳзаҳои зиндагист. Модар бонуи ҳар як хонадон.

 

 Модар - калимаест муқаддас ва мафҳумест чун дунё бе оғозу бе анҷом, шахсиятест, ки зиндагӣ меофарад, набарди ҷовидони ҳаёт ба сар мебарад ва зиндагиро зинда мегардонад. Дунё бе зан - модар ҳеҷ аст, агар зан - модар намешуд, шоирону бузургон ва қаҳрамонҳо ҳам намебуданд, зеро ифтихори дунё аз модарон аст, ҳеҷ кас дар зиндагӣ наметавонад муҳаббати амиқтару самимитар ва воқеитар аз муҳаббати модари хеш дарёбад.

 

 Ягона шахсе, ки бахшояндаи хамаи гуноҳи мост, танҳо модар ба шумор рафта, қалби ӯ зеботарин ва ҷовидонатарин ҷойгоҳи фарзанд аст. Аз модар маҳбубтару муқаддастар ва бузургтар дар олам касе нест.
Дар ростои ҷашни фархундаву фараҳбахши Рӯзи модарон, кулли занону бонувони кишварро самимона муборакбод гуфта, хушбахтиву сарфарозӣ, сиҳатмандиву хонаободӣ, иқболи накӯ ва толеъи баландро баҳрашон хостгорам. Бигзор чун ҳамешагӣ ба мисли офтоб бо шуълаҳои гарми худ зиндагии якояки моро дурахшон гардонида, то абад ҷовидону маҳбуб бимонед, модарони азизу ғамхори дунё.

 

 Рӯзи модарон муборак бошад!

 

 Роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ