ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23

Фарҳанги сулҳ ва ваҳдати миллӣ

 

     «Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст».

                                                                                (Эмомалӣ Раҳмон)

27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ ба даст наомадааст.

Баъди аз ҳам пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Вале, мутаассифона, мо – тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ қарор доштем, дар аввал натавонистем, ки неъмати бузурги Истиқлолро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем.

Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт.

Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омада, дар назди халқу миллат бо дили пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.

Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ гардид. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад.

Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қиммату бузургии онро афзун гардонидаанд.

Қадру манзалати Ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк кунад ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ чунин қайд карда буданд: «Хотирнишон менамоям, ки ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзҳои давлатӣ, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, таблиғи аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус бошад». Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт.

Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид.

Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.

Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодаанд, аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Ҳамаи ин аз болоравии обрӯ ва эътибори Сарвари давлати мо дар миқёси байналмиллалӣ шаҳодат медиҳад. Обрӯю эътибори Президенти кишвар албатта, ин обрӯю эътибори миллат аст, ки дар миқёси байналмилалӣ барои халқу Ватани мо аҳамияти бузург дорад. Вале ҳастанд қувваҳое, ки аз ин болоравии обрӯю эътибори Ватани мо дар ҳаросанд. Бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд, ки ваҳдати моро халалдор карда, обрӯю эътибори халқу Ватани моро паст кунанд. Бинобар ин, замоне расидааст, ки мо фарзандони миллат аз ҳарвақта дида зичтару содиқона дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарди ватандӯст яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз ҳам қавитар гардонидани Ваҳдати миллӣ, ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа ҷадал кунем. Фақат ва фақат чунин амали мо пойдевори ҷомеаи навини демократиро мустаҳкам намуда, волоияти қонунро дар ҷомеа пойдор месозад.

Агар мо хоҳони онем, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҷойи сазовори худро дарёбем ва ҷаҳониён моро ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддуни бузург бишносанд, пас биёед иттиҳоду Ваҳдати миллатро пешаи худ қарор диҳем ва сулҳу оштиро пойдор нигаҳ дорем. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар иттиҳоду ваҳдат аст.

Дар охир тамоми ҳамватанони азизро бо фарорасии иди муқаддаси миллат 24-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, хоҳони онем, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ҷовидон бошад!

 

          Роҳбарияти Агентӣ


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати маводи нашъаовари
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Хадамоти гумруки назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2021.