Иди байналмилалии Наврӯз

 

Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз, ки 22 марти соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» баргузор гардид, қайд намуданд, ки «Мардуми фарҳангсолори мо ин ҷашни бостониро аз гузаштагони худ ба мерос гирифта, онро дар суннату анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти хаттиву шифоҳӣ бисёр васеъ ва ба таври шоиста инъикос кардаанд».

Воқеан ҳам Наврӯз ба мисли таърих қадимӣ буда, вожаи «наврӯз» аз забони паҳлавӣ сарчашма гирифта, аввал «нукруз» ном бурда шуд ва баъдан шакли наврӯзро гирифта, маънояш рӯзи нав, соли нав ё худ иди сари сол аст. Наврӯзро иди баҳор ва арӯси сол низ мегуянд. Наврӯз айёми баробаршавии шабу рӯз, зиндашавии табиат, оғози мавсими кишту кори фасли баҳор ба ҳисоб меравад.

Наврӯз дар давраи Ҳахоманишиён ба ҳукми анъанаи ҷашни мардуми эронинажод табдил ёфта буд. Дар он замон Ҳахоманишиён рӯзи наврӯзро басо некӯ қадр мекарданд.  Шоҳон дар ин давр мардуми оддиро пазироӣ намуда, аз кору пайкор ва аз арзу доди онҳо аз наздик бохабар мешуданд ва ба табақаҳои нодор дасти мадад дароз мекарданд. Мардуми эронзамин замонҳое, ки дар тахти фармонбардорӣ қарор доштанд, расму русуми наврӯзиро фаромӯш накарданд ва ин ойинро аз насл ба насл ба мерос гузоштанд.

Иди Наврӯз дар таърих ва фарҳанги мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон мақоми махсус дорад. Якчанд арзишҳои фарҳангии ниёгони мо тавассути китоби «Авесто» то ба имрӯз ба мо боқӣ мондааст. Бахусус, арабҳо баъди забт намудани давлати Форс барои нест кардан ё аз байн бурдани иди Наврӯз кушишҳо намуда бошанд ҳам, аммо мардуми ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон расму оинҳои миллати хешро аз даст надоданд.

Наврӯз ки ҷашни табиист, имконияти хеле зиёд дорад, ки барои барномаҳои созанда чанд дарсади дигар аз иродаҳову хостаҳои инсонҳо афзуда шавад ва як барномаи  созандае барои тамоми дунё гардад. Аз ҷумла дар мавзӯи гуфтугӯи  тамаддунҳо, ки ҷони фалсафаи Наврӯз аст.

Дар аҳди қадим ва имрӯз низ дар рӯзи Наврӯз тамоми мардум дар ҷашнгоҳ гирд меоянд ва тарҳи сулҳу дӯстиву оштӣ меороянд, ки ин ба фалсафаи бостонии мо рӯзи хилқати инсон рост меояд. Дар фарҳанги бостонӣ, тибқи сарчашмаҳо Худованд ҷаҳонро дар шаш давра офарид. Дар фосилаи ҳар шаш давра чанд рӯзеро ҷашн мегирифтанд. Марҳилаи шашум марҳилаи офариниши инсон буд. Ин марҳила тибқи ҳисобҳои бостонӣ охири моҳи исфанд аст ва рӯзи ҷашнаш ба аввали моҳи фарвардин рост меояд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯз ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфта, сол аз сол шукӯҳу ҷалоли бештар мегирад. Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро дар тули садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳуввияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавии худ медонанд.

Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд. Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши рӯҳ ва афкори солим, пиндору кирдору рафтори нек аст».

Аз ин лиҳоз, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии иди баҳор - Наврӯз аз самими қалб табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори осуда ва дар корҳои ҳамарӯзаашон пешравиҳои назаррасро орзу дорем. Дар ин рӯзҳои баҳорӣ ва ҷашни пуршукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ, офтоби бахташон доим дар болои сарашон тобанда, дастархони ҳар хонадон пурфайзу баракат ва ҳар рӯзи мардуми диёр саршор аз нишоту сарсабзиҳо бошад. Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бошад!

 

         Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ