Суханҳои ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи занон ва бонувон

Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Мо низ бо ҳамин сабаб ҷашни фархундаи Рӯзи Модарро бо фарорасии баҳор ва Соли нави аҷдодӣ мутобиқ карда, ин ду рамзи некиву саодатро пайи ҳам таҷлил менамоем. Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошанд.

 

Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳои худ нақши «зани тоҷик» ва «модар»-ро дар ташаккулёбии миллат ва халқи тоҷик бисёр муҳим арзёбӣ намуда, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расиданро ҳамчун қарзи инсонии ҳар як фарзанди миллат донистаанд.

 

Аз ин рӯ, дар арафи таҷлили «Рӯзи модар» дар мақолаи зикршуда иқтибос аз суханрониҳои роҳбари давлат бахшида ба нақши зан ва модарро манзури Шумо мегардонем: 

 

«Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас Зан – Модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст. Дар ситоиши Зан – Модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст».

 

«Мо ҷашни бонувонро махсус Рӯзи Модар ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи Модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан – Модар ташкил медиҳанд».

 

«Нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст. Гузашта аз ин, Зан-Модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад».

 

«Пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст».

 

«Модарон сарчашмаи ҷовидонаи ҳаёт ва офарандаи хушбахтӣ ва нуру зиёи зиндагӣ ҳастанд. Зан – Модар масдари наслҳо ва меҳвари ҳар як оила аст».

 

«Занону модарони тоҷик тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши ойинҳои неки гузаштагон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳанд ва чун боғбони насли одамӣ онҳоро парвариш менамоянд».

 

«Рӯзи Модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад. Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хоса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст».

 

«Зан – Модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад».

 

«Занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа мебошанд».

 

«Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Яъне бӯйи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз зудуда намегарданд.

 

Мо умед дорем, ки занону модарони арҷманди мо рисолати муҳими иҷтимоии худро, чун ҳарвақта, амиқ дарк карда, барои ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони солеҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ва ташаккули ҷомеаи ободу озод ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд».

 

 

«Дар тамоми таърихи тӯлонии миллати тоҷик низ рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибонаю одоби ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоёни Зан – Модар дар осори бузургони гузаштаву муосири тоҷик ситоиш гардидааст.

 

Умед дорам, ки ҳар як фарди бонангу номуси Ватан дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ саҳми муносиб мегузорад ва ба ин восита, мақоми Зан – Модарро, ки нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишоти зиндагӣ мебошад, боз ҳам баланд мебардорад».

 

«Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд. Баробари ин, дар сари гаҳвораи тифлаш шабзиндадорӣ карда, камолоти ӯро интизор мешавад ва тамоми ҳастиашро ба парвариши ҷигарбандаш сарф намуда, аз роҳи сидқ мададгораш мегардад. Ин рисолати бузурги инсонӣ мақому мартабаи модарро боз ҳам муқаддасу беназир гардонидааст».

 

«Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато мекунад».

 

«Ба қадри шири поки модар нарасидан, заҳмати бедорхобиҳои ӯро фаромӯш кардан, ба падару модар ситам кардан ва дар пириву дармондагӣ ба қадри ранҷу азоби онҳо нарасидан бузургтарин гуноҳ аст».

 

«Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бо ҷон мекӯшад, ки ӯ бардаму солим ба камол расад, соҳиби илму маърифат шавад, касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад».

 

«Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори Зан – Модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд».

 

«Зан – Модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз, тавъам омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шуруъ мешавад».

 

«Худованд ба Зан – Модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад. Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст.

Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст».

 

«Сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯйи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд».

 

«Имрӯз зани тоҷик на танҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхори ҳамешагии оила аст, балки пеш аз ҳама, шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаю бунёдгари давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мост.

Занону модарони тоҷик дар баробари ба дунё овардану тарбия кардани фарзанд бо поктинативу инсондӯстӣ, нексириштиву фарҳангпарварӣ ва созандагиву заҳматнописандӣ дар амри хайри ободонии сарзамини аҷдодиямон саҳми шоиста доранд».

 

«Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман, камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.

 

Мо бо ифтихор ва такрор ба такрор мегӯем, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу бономус, паҳлавону ҷасур, хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбия карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хайри хизмат ба инсоният дуо додааст».

 

«Нақши занони бофарҳангу соҳибмаърифат дар ташвиқу тарғиби пойдории оила ва ҷомеаи солим, инчунин иштироки онҳо дар таҳия ва амалӣ сохтани барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар назаррас мебошад. Аз ин рӯ, сол то сол шумораи занон дар низоми хизмати давлатӣ меафзояд».

 

«Бузургии Зан – Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад».

 

«Бузургии Зан – Модар дар хислати ӯ таҷассум меёбад. Агар чунин намебуд, дар китоби муқаддаси Қуръони маҷид яке аз сураҳои калонтарин, яъне Нисо, ки саросар дар бораи зан ва ҳуқуқҳои ӯ оят омадааст, нозил намешуд».

 

 «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Ба таъбири дигар, Зан – Модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад».

 

«Яке аз омилҳои асосии ташаккули шахсияти кӯдак мавқеи тарбиявии падару модар мебошад, ки тарзи умумии тарбияро муайян менамояд. Роҳи асосии таъсиррасонии калонсолон ба ташаккули шахсияти кӯдак ба онҳо омӯзондани меъёрҳои ахлоқист. Рафтору муносибатҳои калонсолон метавонанд барои кӯдак чун намуна хизмат кунанд».

 

«Дар ситоиши Зан – Модар волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бо нангу бономус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст».

 

«Мо ҳама бояд хуб эҳсос ва дарк намоем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадону ҳар як оила ва ҳар як манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Ободии хонадон ба солимии ҷисму рӯҳ, дунёи маънавӣ, маърифат, ҳунари кадбонугӣ, ҳавсала ва завқи бадеии Зан – Модар вобаста аст».

           

«Дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони кишвар баробари мардон номуси ватандорӣ, ватандӯстиро бар дӯши худ гирифта, дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат кору фаъолият карда, бо ташаббусҳои созандаву бунёдкории хеш дар Тоҷикистони азизамон саҳм гузоштаанд. Истиқлоли давлатӣ барои мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа тамоми имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву сулҳхоҳи моро ба арсаи васеи роҳи сиёсат ворид намуд. Дар баробари ин, мавқеву манзалати занонро дар рушди иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи неруи ватандорию ватанхоҳӣ ва бунёдкорию гулгулшукуфии Тоҷикистони азизамон заминаи устувор гузошт».

 

Дар арафи Рӯзи модарон, кулли занону бонувони кишварро бо ин ҷашни фархунда самимона муборакбод гуфта, барояшон хушбахтиву бурдборӣ, саломативу хонаободӣ, иқболи накӯ ва толеъи баландро хоҳонем.

 

Рӯзи Модарон муборак бошад!

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ