Муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
КАМОЛЗОДА ФИРУЗ АНВАРАЛИ
17 августи соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Миллат – тоҷик.
Соли 2011 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Аз ноябри соли 2011 – Ёрдамчии прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе;
Аз апрели соли 2013 – Ёрдамчии калони прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе;
Аз июни соли 2014 – Прокурори калони ҳарбии шуъбаи назорати умумии Сарпрокуратураи ҳарбӣ;
Аз майи соли 2015 – Муовини прокурори ҳарбии гарнизони Рашт;
Аз январи соли 2017 – Сарнозир - ёрдамчии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз апрели соли 2018 – Ёрдамчии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоришҳои махсус;
Аз июли соли 2019 – Иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати кадрҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз январи соли 2021 – Сардори раёсати кадрҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз феврали соли 2024 – Муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Полковники адлия.
Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд