Муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАЛБАКЗОДА СУЛАЙМОН ТАЛБАК

 

23 июни соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

 

Миллат –тоҷик

 

Соли  1999 - Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимиро хатм кардааст.

 

Соли 2009 - Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппаро хатм намудааст.

 

Соли 2020 - Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идораи давлатӣ хатм намудааст.

 

  

Солҳои 2003-2006 -   Мутахассиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

 

Солҳои 2006-2007 -   Мутахассиси пешбари Шуъбаи назорати молиявии мақомоти ғайринизомӣ, ҳокимият ва судҳо бо Идораи назорати молиявии мақомоти ҳокимият ва Идораи давлатии Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Солҳои 2007-2012 - Мутахассиси пешбари Бахши назорати субъектҳои хоҷагидории давлатии Шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

 

Соли 2012 (05-12) -    Сармутахассиси Шуъбаи назорати субъектҳои хоҷагидории давлатии Раёсати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Солҳои 2012-2014 - муовини сардори Шуъба - сардори бахши якуми Шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2014-2015 - муовини сардори Шуъба-сардори бахши якуми Шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2015-2016 -   муовини сардори Раёсат – сардори Шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2016 – 2020 -         Сардори Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Солҳои 2020 – 2021  -        Сардори Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Аз 5 июли соли 2021   муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

Донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

 

Оиладор соҳиби 5 фарзанд