Муовини якуми Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  САФАРЗОДА СУҲРОБ

 

6 майи соли 1982 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

 

Миллат – тоҷик.

 

Маълумот – Олии ҳуқуқшиносӣ.

 

Аз апрели соли 2004 то соли 2018 – дар вазифаҳои гуногуни мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ёрдамчии ҷамъиятии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси пешбари Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони  Кӯлоб, прокурори ҳарбии шуъбаи назорати тафтиши пешакӣ ва таҳқиқи Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурор – криминалисти шуъбаи тафтишотии прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе, прокурори ҳарбии шуъбаи назорати умумии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори калони ҳарбӣ – криминалисти шуъбаи назорати тафтиши пешакӣ ва таҳқиқи Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии калони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоришҳои махсус, сардори шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи амнияти дохилии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаолият намудааст.

 

Аз октябри соли 2018 – муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Аз 5 июли соли 2021 – муовини якуми Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013, таҳти №1408 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

 

Генерал - майори адлия.

 

Донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.

 

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.


Ҷустуҷӯ