Дастгоҳи марказӣ

Дастгоҳи марказӣ

 

 

     Дастгоҳи марказӣ дар доираи ваколати пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомномаи Агентӣ вазифаҳои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ ва дигар вазифаҳоро оид ба огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро иҷро менамояд.

 

  Дар Дастгоҳи марказӣ раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо мавҷуданд. Дар раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо ваколатдорони калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳим, ваколатдорони калони оперативӣ, ваколатдорони оперативӣ, муфаттишони калон оид ба корҳои махсусан муҳим, муфаттишони калон, муфаттишон, сарнозирон, нозирони калон, нозирон, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон мавҷуданд.

 

 

   Сохтори дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

1. Роҳбарият

 

2. Раёсати кадрҳо

 

3. Раёсати тафтишотӣ

 

4. Раёсати назорати буҷет ва фондҳои давлатӣ

 

4.1 Шуъбаи назорати мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ

 

4.2 Шуъбаи назорати сохторҳои низомӣ ва судҳо

 

5. Раёсати назорати буҷетҳои маҳаллӣ

 

5.1 Шуъбаи назорати буҷетҳои маҳаллии вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

 

5.2 Шуъбаи назорати буҷетҳои маҳаллии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд

 

6. Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатӣ 

 

6.1 Шуъбаи назорати субъектҳои хоҷагидории давлатӣ

 

6.2 Шуъбаи назорати лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатӣ

 

7. Раёсати мубориза бо ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ, адолати судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ

 

8. Раёсати мубориза бо ҷиноятҳо ба муқобили моликият, фаъолияти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ

 

9. Раёсати мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи андоз ва фаъолияти соҳибкорӣ

 

10. Раёсати мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи нақлиёт ва гумрук

 

11. Раёсати муқовимат ба коррупсия

 

12. Раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

 

13. Раёсати таҳлил, иттилоот ва омор

 

13.1 Шуъбаи таҳлил, иттилоот ва омор дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ

 

13.2 Бахши таҳлил, иттилоот ва омор дар самти назорати давлатии молиявӣ

 

14. Раёсати оперативии махсус

 

15. Раёсати молиявию хоҷагӣ

 

16. Шуъбаи ташкили кор ва назорат

 

17. Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва  робита бо ҷомеа

 

18. Шуъбаи чорабиниҳои оперативӣ

 

19. Шуъбаи коргузорӣ ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ

 

20. Шуъбаи навбатдории оперативӣ ва изолятор (тавқифгоҳ) - и нигоҳдории муваққатӣ

 

21. Бахши ташкили фаъолияти оперативӣ

 

22. Бахши коргузории махфӣ

 

Чоп намудан