Муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
САФАРЗОДА СУҲРОБ
6 майи соли 1982 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Миллат – тоҷик.
Соли 2005 факултети ҳуқуқшиносии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро хатм намудааст.
Соли 2008 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Аз апрели соли 2004 - ёрдамчии ҷамъиятии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз апрели соли 2007 - мутахассиси пешбари Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз апрели соли 2008 - муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб;
Аз декабри соли 2009 - прокурори ҳарбии шуъбаи назорати тафтиши пешакӣ ва таҳқиқи Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз майи соли 2010 - прокурор – криминалисти шуъбаи тафтишотии прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе;
Аз декабри соли 2011 - прокурори ҳарбии шуъбаи назорати умумии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз апрели соли 2012 - прокурори калони ҳарбӣ – криминалисти шуъбаи назорати тафтиши пешакӣ ва таҳқиқи Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз феврали соли 2015 - ёрдамчии калони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоришҳои махсус;
Аз октябри соли 2015 - Сардори шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз апрели соли 2018 - Сардори шуъбаи амнияти дохилии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз октябри соли 2018 – муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013, таҳти №1408 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Полковники адлия.
Донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.