Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ яке аз роҳҳои муосири муқовимат ба коррупсия

     Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 “Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” ҳолати дар амал татбиқ гардидани Методологияи мазкурро аз ҷониби вазоратҳо, ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоту ташкилоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар давраи соли 2019 мавриди омӯзиш таҳлил ва ҷамъбаст қарор дод.

Тазаккур бояд дод, ки дар асоси банди 2 қарори номбурда ташкилотҳои марбута вазифадор карда шудаанд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани Методология чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдода бо ҷамъбасти сол ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ирсол намоянд.

Вале таҳлили фаъолият дар соли 2019 нишон дод, ки масъулини вазорату идораҳо ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи Методология ҳанӯз ҳам корҳои муайянеро роҳандозӣ накардаанд.

        Лозим ба ёдоварист, ки таҳияи “Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” ва гузаронидани таҳлили интихобии хавфҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои идоракунии давлатии дорои эҳтимолияти афзоиши хавфҳои коррупсионӣ аз талаботи бандҳои 45 ва 67 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” бармеояд.

Бинобар ин, аз ҷониби Агентӣ уновнии вазорату идораҳо, ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоту ташкилоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 112 адад пешниҳод дар бораи бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ирсол карда шуда, аксарияти онҳо бо иштироки намояндаи Агентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо назардошти натиҷаи баррасии пешниҳодҳои болозикр, айни замон аз ҷониби як қатор ташкилотҳои болозикр гурӯҳҳои корӣ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ ташкил карда шуда, ҷиҳати иҷрои талаботи Методология тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.

Бояд қайд намуд, ки Методологияи мазкур ҷиҳати муқаррар намудани хавфҳои коррупсионӣ ва пешниҳод намудани тавсияҳо ҷиҳати бартараф намудани омилҳои номатлуб яке аз роҳҳои муосири муқовимат ба коррупсия ба шумор рафта, иҷрои он барои паст намудани шиддати коррупсия дар ҷумҳурӣ заминаи мусоидро фароҳам меоварад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

 

 

 


Официальный сайт
Президента Республики Таджикистан

Официальный сайт Генеральной
прокуратуры Республики Таджикистан

Министерство внутренних дел
Республики Таджикистан

Агентство по контролю за наркотиками при
Президенте Республики Таджикистан

Налоговый комитет при Правительстве
Республики Таджикистан

 

Таможенная служба при Правительстве
Республики Таджикистан

 

Национальное информационное
агентство Таджикистана «Ховар»

 

Палата торговли и промышленности
Республики Таджикистан

 

© АГЕНТСТВО ПО ГОСУДАРСТВЕННОМУ ФИНАНСОВОМУ НАДЗОРУ И БОРЬБЕ С КОРРУПЦИЕЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН , 2013-2020.