Сессияи якум бо суханҳои ифтитоҳии директори Агентӣ, генерал лейтенанти адлия - Султонзода С.С. оғоз гардида, зимнан доир ба мавзӯи сессия, яъне «Сиёсати давлатии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ» вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдураҳмонзода А.С., раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳимзода С.Н., раиси Бонки миллии Тоҷикистон – Толибзода Ф.Н., раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлатзода Н.М., сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Каримзода Х.А., ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Умед Бобозода баромад намуда, фикру андешаҳои худро баён сохтанд. 

Сессияи дуюми Форум ба мавзӯи «Поквиҷдонӣ ва идоракунии корпоративӣ дар тиҷорат (таҷрибаи миллӣ)» бахшида шуда, доир ба мавзӯъ сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ - Акмалзода Н.Н., сардори шуъбаи ҳифзи давлатии истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Забирзода Н.Х., муовини раиси раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» – Ризвонзода Ф.З., сардори департаменти кор бо кормандони ҶСК «Бонки Эсхата» – Алимбаева М.М., директори генералии ҶСП «Индиго Тоҷикистон» – Давлатшоев О., директори иҷроияи ҶДММ «Авесто гурӯҳ» – Бурҳонзода З. ва директори иҷроияи Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Аминова Н.М бо маърӯзаҳои ҷолиби худ суханронӣ намуданд.

Маркази матбуоти Агентӣ