Баромадҳои маърӯзачиён дар Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Коррупсия яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба амнияти давлат, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди он»

13 июн. 2014
Баромадҳои маърӯзачиён дар Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Коррупсия яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба амнияти давлат, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди он»

Баромадҳои маърӯзачиён дар Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Коррупсия яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба амнияти давлат, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди он»
(шаҳри Душанбе, Маҷмааи давлатии Коҳи ваҳдат, 8 декабри соли 2011)

Муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва  мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бандишоев   М.Р.
«Дастовардҳо ва дурнамои фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳозирини мӯхтарам!
 

 Пеш аз ҳама, мехостам бо дарназардошти тағйироту ислоҳоти замонавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидашудаистода, аз ҷумла оид ба пешбурди сиёсати зиддикоррупсионӣ, амалӣ шуда истодани стандартҳои байналмилалӣ дар қонунгузории миллӣ дар ин самт изҳор намоям.

Чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни ислоҳоти маҷмӯии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва солҳои охир корҳои зиёди назаррас андешида шуданд.  Чунончӣ, дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 қайд гардидааст, ки:

фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, суд ва прокуратура бояд, пеш аз ҳама, ба таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, коррупсия, хариду фурӯши одамон ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа равона карда шавад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, прокуратура ва судҳо бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор ва ватандӯстиву ватанпарастӣ намунаи ибрати дигарон бошанд.

 Мутаассифона, ҳолатҳои номатлуби даст ба ҷиноят задани баъзе баъзе кормандони мақомоти зикршуда, аз ҷумла кирдорҳои коррупсионӣ ҳанӯз ҳам ҷой доранд, ки ин омил эътибори мақомоти давлатиро коҳиш дода, ба шаъну шарафи кормандони он иснод меорад. Дар робита ба ин, як нуктаро зикр бояд кард, ки доир ба пешгирӣ ва ошкор намудани амалҳои коррупсионӣ аз тарафи давлат тамоми тадбирҳои ҳуқуқиву ташкилӣ роҳандозӣ шудаанд..». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти сиёсии мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба масъалаи мубориза бо коррупсия диққати махсус ва ҳамарӯза дода истодаанд.

 Вобаста ба ин қайд кардан ба маврид аст, ки аз рӯи Индекси (нишондиҳандаи) назар ба ҳолати коррупсия 1 декабри соли 2011 дар шаҳри Берлин аз ҷониби ташкилоти Трансперенси Интернешнл интишор намуда, Тоҷикистон аз ҷои 158-ум аз 180 кишвари ҷаҳон бо 2 хол, ҷои 154-ум аз 178 кишвар дар соли 2010 бо 2,1 хол, ҷои 152-ро аз 182 кишвар бо 2,3 хол ишғол намуд.

 Ба имзо расонидани Конвенсияи СММ зидди коррупсия аз ҷониби Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006, ратификатсия кардани Конвенсия аз ҷониби Парлумони кишвар - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 апрели соли 2008 ва қадам ба қадам амалӣ намудани нуқтаҳои ин Конвенсия дар кишвар гувоҳи равшани гуфтаҳои болост, ки имрӯзҳо ин кор вусъати тоза пайдо карда истодааст.

 Муносибатҳои нави иқтисодӣ барои пешравии чамъияти демократӣ ва ҳуқуқбунёд замина гузошта бошанд ҳам, дар як вақт ба афзудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд шароит фароҳам оварда шуд, ки ин ба ҳамаи давлатҳои дар давраи гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ қарордошта хос мебошад.

 Ҳамзамон зарурати пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб ва пайдо кардани роҳҳои пешгирии он ба миён омадааст. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ баҳри таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд. Аз ҷумла:

 - Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)»;

 - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» 11 декабри соли 1999 қабул шуда, аз 25 июли соли 2005 дар таҳрири нав ба тасвиб расид, ки ба талаботи Конвенсияи СММ зидди коррупсия ҳадди имкон мутобиқ гардонида шудааст;

 `- Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо тасдиқ карда шуд;

 - Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 таҳти №143 бо мақсади вусъат додани мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратию ревизионӣ дар заминаи Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сохторҳои мубориза бар зидди коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда ва ҳамоҳангсози мубориза бар зидди коррупсия таъсис дода шуда, Низомномаи он тасдиқ карда шуд;

 - Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 «Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қабул карда шуд, ки тибқи он ҳамаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ барномаҳои дохилиидоравии мубориза бо коррупсияро қабул намуда, онро амалӣ карда истодаанд;

 - Дар давоми соли 2007 ва солҳои минбаъда ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои дахлдор дар заминаи ҳуқуқии низоми муқовимат ба коррупсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуд;

 - Моҳи апрели соли 2009 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардида мавриди амал қарор дода шуда дар боби 38 «Ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии вобаста бо коррупсия» 20 модда бо ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо коррупсия алоқаманд баҳри амалӣ шудани моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” пешбинӣ карда шуданд.

 Ба мақсади тақвият бахшидан ба ҷараёни муқовимат ба коррупсия 30 апрели соли 2010 Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси он 2 сентябри соли 2010 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи таъмини иҷрои ин тадбирҳо барои солҳои 2010-2012 ба тасвиб расид, ки аз 45 банд иборат буда, баҳри пурзӯр намудани иқдоми амалишавии ҳамаҷонибаи Стратегия равона гардидааст ва айни ҳол мавриди иҷро қарор дорад.

 Яке аз бандҳои Нақшаи мазкур таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”-ро пешбинӣ намудааст, ки дар нимсолаи дуюми соли 2011 бо истифода аз таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷӣ дар ин самт, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор иҷро шуда лоиҳаи қонун ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

 Бо мақсади боз ҳам самарабахш ба роҳ мондани фаъолияти Агентӣ дар самти муқовимат ба коррупсия бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2010 сохтори Агентӣ такмил дода шуда, Шӯъбаи пешгирии коррупсия ба Раёсат табдил дода шуд. Дар назди Раёсат, шӯъба ва бахшҳои он вазифа гузошта шудааст, ки тавассути усулҳои таҳлили хавфҳои коррупсия ва ташкили низоми ҳуқуқию ташкилӣ ва таҳлилию нозиротии пешгирии коррупсия, муқовимати қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ташкилоту корхонаҳо, маъмурӣ-ҳуқуқӣ, гражданӣ-ҳуқуқӣ ва ташвиқу тарғиботӣ ва таблиғотӣ ҷиҳати бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, фаъолияти маорифпарварӣ, аз ҷумла баҳри ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар байни аҳолӣ ва ташаккул додани тоқатнопазирӣ ба зуҳуроти коррупсия чораҳои муассир андешанд. Раёсат дар ин ҷараён самтҳои фаъолияти таҳлили ҳолати муқовимат ва пешгирии коррупсия дар ҳамаи сохторҳо тибқи қарору нақшаҳои Ҳукуматӣ, пайванди робитаҳо бо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи назди мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дар оянда ва алоқамандӣ бо фаъолияти Шӯрои миллии муқовимати коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, нихоят, оид ба робитаҳо бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва муносибатҳои байналмилалӣ, ки аз ӯҳдадориҳои Тоҷикистон бармеоянд, фаъолият менамояд.

 Ҳамчунин чораҳои пешгирӣ ва бартараф намудани коррупсия дар баробари санадҳои дар боло зикрнамуда, дар Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фармонҳои Президенти кишвар, қарорҳо, барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешбинӣ шудаанд.

 Ба мақсади тақвият бахшидан ба ҷараёни муқовимати коррупсия тавре дар боло қайд кардем 30 апрели соли 2010 Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Тадбирҳои иловагӣ 3 фаслро дар бар мегиранд: Таъминоти ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия, мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ бо мақсади пешгирии коррупсия ва иштироки ҷомеа ҷиҳати пешгирӣ намудани коррупсия.

 Дар сарсухани «Тадбирҳои иловагӣ» нигаронии ҷидии сарвари давлат оиди вазъи коррупсия инъикос гардидааст: «Новобаста аз андешидани чораҳои дахлдор коррупсия чун пештара ба фаъолияти мӯътадили ҳамаи сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ садди роҳ гардида, барои ҷорӣ намудани навсозиҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёти миллӣ монеаи назаррас шуда, боиси дар ҷамъият пайдо гардидани беадолатӣ, маҳдудгардонии ҳуқуқҳои инсон, изтироби ҷиддӣ ва нобоварӣ нисбати институтҳои давлатӣ, пастшавии обрӯву нуфузи кишвар дар сатҳи байналмиллалӣ гардида, ҳамчун яке аз намудҳои таҳдиди воқеӣ ба амнияти давлат дониста мешавад». Инчунин қайд шудааст, ки “Тадбирҳои иловагӣ мутобиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" таҳия шудаанд”.

 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои гуногуни пурмасъул мебошад ва ба ҳаллу фасли масъалаҳои тафтишотӣ, маъмурӣ ва таҳлилӣ, инчунин вазифаҳо дар соҳаи мониторинги молиявӣ машғул буда, функсияҳои дигари пешгирисозандаро иҷро менамояд. Дар тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ ва санҷиши маводҳо нисбат ба ҳолатҳои коррупсия, Агентӣ айни замон бо қувваи пурраи худ фаъолият карда истодааст ва вазифаҳои оид ба ҳалли масъалаҳои таҳлилӣ ва пешгирисозанда ҳанӯз дар ҷараёни барпоёбӣ мебошанд. Агарчанде нишондиҳандаҳои оморӣ аз натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ сол аз сол зиёд шуда истодаанд, қариб 5 соли фаъолият алҳол барои таҳлилу хусабарориҳо ва ҷамъбасти таҷрибаи ҷамъовардашуда басанда (кофӣ) намебошад ва аз ин лиҳоз, ҷараёни миллии муқовимати коррупсия дар такмили роҳу усулҳои муқовимати коррупсия дар заминаи дастовардҳои мавҷуда ва институтҳои ташаккулёфта ниёз дорад. Яъне то рафт, сухан дар бораи такмил додани сифати мубориза ва пешгирии коррупсия дар асоси маҷмӯи тадбирҳои ҳукуматӣ меравад. Барои ин ба сифру рақамҳо диққати Шуморо менигаронем.

 Дар давоми 4 солу 11 моҳи фаъолияти худ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти олии назорати давлатии молиявӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқи нақшаи кории тасдиқшуда, супоришҳои Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, инчунин қарору муроҷиатҳои асосноки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии идораи давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ зиёда аз 5275тафтишу санчишҳои молиявӣ гузаронида ба маблағи 510,2 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намудааст.

 Аз маблағи умумии зарари ошкоргардида 106,6 млн. сомониро камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, 47,8 млн. сомониро пардохти беасоси музди меҳнат, нафақаю ҷубронпулӣ, сафархарҷиҳо ва дигар хароҷотҳои ғайриқонунӣ, 95,8 млн. сомониро изофанависии ҳаҷми корҳои сохтмонӣ, 33,4 млн. сомониро зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, 75,8 млн. сомониро талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ ва 149,7 млн. сомониро маблағи рӯйпӯш намудани андозҳо ташкил медиҳад.

 Дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявӣ 239,9 млн. сомонӣ ё 47 фоизи зарари ошкоргардида ба давлат барқарор карда шуд, ки 152,4 млн. сомонии он ба буҷет ва 87,5 млн. сомонӣ ба корхонаҳо барқарор карда шуданд.

 Ғайр аз ин дар натиҷаи чораҷӯии мутахассисони Агентӣ аз ҳисоби маблағи бақияпулиҳои ба буҷет воридшуда 41,7 млн. сомонӣ, кам кардани маблағгузории сметаҳои хароҷотӣ – 14,9 млн. сомонӣ, қарзҳои дебиторӣ ва зерҳисобии барқарор гардида – 9,2 млн. сомонӣ, маблағи аз ҳисоби дигар манбаъҳо барқарор кардашуда 6,7 млн. сомонӣ ва зиёдомади молу мавод ба маблағи 112,6 млн. сомонӣ ба буҷет ва корхонаҳои давлатӣ даромад карда шуд. Дар маҷмӯъ ҷамъи маблағҳои барқароркардашуда 425 млн. сомониро ташкил медиҳад.

 Натиҷаи тафтишу санҷишҳо дар вазорату идораҳо, ҳукуматҳо ва корхонаву муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, муҳокимаи пешниҳодотҳои ирсолгардида бо иштироки кормандони Агентӣ сурат гирифтанд. Дар натиҷа 6736 нафар шахсони масъул барои камбудиҳои содиркардаашон ҷазои маъмурӣ ва моддӣ гирифта 376 нафари онҳо аз вазифаашон сабукдӯш шуданд.

 Ҷиҳати чораҷӯӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 2280 маводи тафтишӣ бо маблағи умумии зарари молиявӣ312,3 млн. сомонӣ фиристода шуданд, ки қисми зиёди онҳо баррасӣ гардида шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

 Таҳлили фаъолияти панҷсолаи Агентӣ собит сохт, ки дар раванди таъмини назорати истифодабарии мақсадноки маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва фаъолияти молиявию хоҷагии субъектҳои хоҷагидории давлатӣ, чамъиятҳои саҳомӣ ва назорати истифодабарии амволи давлатӣ камбудию норасогиҳои зиёди молиявӣ хусусан аз ҳисоби хариди мол, кор ва хизматрасонӣ (40,0%), маблағҳои кам ҳисобишуда ва руйпӯшнамудаи андозҳо (30,0%) ва камомаду тасарруфи воситаҳои пулию молӣ (20,1%) ба амал омадааст.

 Ба вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ додани ҳуқуқи мустақилона гузаронидани хариди мол, кор ва хизматрасониҳо, яке аз сабабҳои зиёд гардидани амалҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ дар мавриди истифодаи маблағҳои давлатӣ, мебошад.

 Камбудию норасогиҳои дар ин самт ошкоршуда бинобар номукаммалии Кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуну қарорҳои ба онҳо мусоидаткунанда ва ҳуҷҷату дастурҳои меъёрӣ, ки ба такмил ниёз доранд, роҳ дода шудаанд.

 Дар самти назорати истифодабарии самараноки маблағҳои инвеститсионӣ ва қарзҳо тафтишу санҷишҳои фаъолияти 12 Марказҳои идораи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба анҷом расонида шуд, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 2,7 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.

 Муҳокимаи натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ аз ҷониби Парламенти ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана дароварда шуд. Аз ин рӯ натиҷаҳои фаъолияти нӯҳмоҳаи Агентӣ дар солҳои 2009 ва 2010 дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки дар ҷаласаи он роҳбарон ва шахсони масъули Вазорату идораҳо иштирок намуда ба онҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасогиҳои ошкоргардида таклифҳо пешниҳод карда шуданд.

 Дар раванди назорати иҷроиши буҷетҳои маҳаллӣ муайян гардид, ки бо вуҷуди имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати таъмини иҷрои қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ бо вуҷуди сарчашмаҳои зиёди даромадҳои дохилӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ кумакҳои молиявии бебозгашт (субвенсия) мегиранд. Аз ин лиҳоз баъди аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфтани пешниҳодоти Агентӣ баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоби худмаблағгузорӣ гузаронида шуда, ҳаҷми кумаки молиявии баъзе аз ноҳияҳои дигар маҳдуд карда шуданд.  Ҳамин тариқ дар натиҷаи чораҳои аз тарафи Агентӣ андешидашуда ҳиссаи кумакҳои молиявӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ кам карда шуда имконият фароҳам оварда шуд, ки минбаъд захираҳои молиявии дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ самаранок истифода бурда шаванд.

 Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар ин муддат зиёда аз 4.339 (соли 2007-464, соли 2008-895, соли 2009-902, соли 2010-1005 ва 11 моҳи соли 2011-1073) ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии ҳусусияти коррупсионидоштаро ошкор карда, 1.338 (соли 2007-115, соли 2008-277, соли 2009-308, соли 2010-337 ва 11 моҳи соли 2011- 301) парвандаи ҷиноятиро нисбати зиёда аз 2.000 нафар тафтиш карда, ба суд ирсол кардаанд, ки аз тарафи суд баррасӣ гардида, ҳамаи айбдоршавандагон маҳкум карда шудаанд.

  Дар Агентӣ талаботи қонунгузории амалкунанда дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон қатъиян риоя карда шуда, муроҷиати ҳар як шаҳрванд дар китоби махсуси Котиботи Агентӣ ба қайд гирифта мешавад, муроҷиатҳои хаттӣ бошад дар котиботи Агентӣ ба қайд гирифта шуда иҷроиши онҳо зери назорати қатъӣ қарор дода шуда аз натиҷаи баррасӣ дар мӯҳлатҳои дар қонун пешбинишуда ба шаҳрвандон ҷавоб гардонда мешавад. Дар мавриди санҷиши муроҷиат (баррасии хабару аризаҳо) дар ҳолати тасдиқ шудани ҳодисаҳои қонуншиканӣ он дар китобҳои дахлдори қисми навбатдорӣ ба қайд гирифта шуда чораҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда татбиқ карда мешаванд. Мувофиқи супоришҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Агентӣ қабули шаҳрвандон ҳар рӯзи шанбе ба роҳ монда шудааст. Доир ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ба Агентӣ ворид гардида, аризаҳо дар доираи салоҳият ва тобеъият мавриди баррасӣ карор дода мешаванд. Дар давраи фаъолияти Агентӣ соли 2007 – 1342 ариза ворид гардида аз онҳо 192 аз рӯи тобеъият ирсол карда шуданд, соли 2008 1674 ариза ворид гардида аз онҳо 490 аз рӯи тобеъият ирсол карда шуданд, соли 2009 1610 ариза ворид гардида аз онҳо 260 аз рӯи тобеъият ирсол карда шуданд, соли 2010 2827 ариза ворид гардидааст, 9 моҳи соли 2011 1902 ариза ворид гардида аз онҳо 384 аз рӯи тобеъият ирсол карда шуданд.

 Агентӣ дар самти пешгирии коррупсия тавассути усулҳои таҳлили хавфҳои коррупсия ва ташкили низоми ҳуқуқию ташкилӣ ва таҳлилию нозиротии пешгирии коррупсия, муқовимати қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ташкилоту корхонаҳо, маъмурӣ-ҳуқуқӣ, гражданӣ-ҳуқуқӣ ва ташвиқу тарғиботӣ ва таблиғотӣ ҷиҳати бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, фаъолияти маорифпарварӣ, аз ҷумла баҳри ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар байни аҳолӣ ва ташаккул додани тоқатнопазирӣ ба зуҳуроти коррупсия чораҳои зарурӣ меандешад.

 Дар давраи фаъолияти Агентӣ ва бештар солҳои охир фаъолияти Агентӣ дар самти пешгирии коррупсия афзуда, дар сохтори мақомот соли 2009 шӯъбаҳо ва соли 2010 Раёсати пешгирии коррупсия таъсис дода шуда ба вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо ва шахсони мансабдор зиёда аз 3000пешниҳодҳо ва 2100 дастурҳои хаттӣ ҷиҳати бартараф намудани сабабу шароитҳои ба ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ирсол гардида, дар муҳокимаи аксари онҳо кормандони Агентӣ ширкат варзида, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои дахлдор андешида шуда, ба Агентӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шудаанд.

 Дар давоми соли 2010 ва 11 моҳи соли 2011 аз ҷониби кормандони Агентӣ 1084 ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии коррупсионӣ ошкор карда шуда, нисбати шахсони гунаҳгор ба маблағи 766.015,2 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст, ки то ба имрӯз аз ин хисоб 736.815,1 сомонӣ ба бучети давлат ворид карда шудааст.

 Ғайр аз ин Агентӣ тавассути барномаҳои телевизиону радио ва рӯзномаву маҷаллаҳо беш аз 2075гузоришу хабарҳои мухтассар оид ба фаъолияти Агентӣ, аз ин ҳисоб 1432 хабару мақолаҳо дар нашрияҳо, 525 барномаҳо дар радио ва телевизион, 74 - нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеъи намояндагони ВАО, инчунин 44-мизи мудаввар баргузор намудааст, ки дар онҳо ба таври шаффоф аз фаъолияти Агентӣ дар назди ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ахбороти пурра дода шудааст.

 Ҳамзамон кормандони Раёсати пешгирии коррупсия Агентӣ ва шӯъбаҳои минтақавии он дар мавзуҳои зарарҳои коррупсия, ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, роҳҳои пешгирӣ ва омилҳои бартараф намудани он, рафти иҷроиши Стратегияи мубориза бо коррупсия, зарурати иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идоракунӣ ва мубориза бо коррупсия дар 973 ташкилоту корхонаҳо баромад карда, семинару сӯҳбатҳо доир намуданд.

 Агентӣ баҳри шаффоф ба роҳ мондани фаъолияти худ бо ҳамаи намояндагони ВАО сарфи назар аз мансубият ҳамкориро дуруст ба роҳ монда, оид ба натиҷаҳои фаъолият ҳар семоҳа барои намояндагони ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ (пресс-конференсия) доир менамояд. Ҳисобот ба ҷомеа дар бораи фаъолияти Агентӣ, пресс-релизҳо ва дигар масъалаҳои муҳим дар сайти Агентӣ http://www.anticorruption.tj ҷойгир карда мешаванд.

 Барои таъмини робитаҳои зич бо ҷомеа, ҷалб намудани он ба раванди мубориза ва ошкор намудани ҳолатҳои коррупсия дар Агентӣ телефонҳои боварӣ амал карда истодаанд.

 29 майи соли 2010 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №267 доир ба рафти иҷрои Стратегия қабул гардид. Тибқи Қарори мазкур дар ҳамаи вазорату идораҳо барномаи дохилисоҳавии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи иҷрои он таҳия карда шуда, мавриди амал қарор дода шудааст. Дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо ҷалби зиёиён, намояндагони ташкилотҳои динӣ, собиқадорони меҳнат ва ҷанг, намояндагони дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шудааст ва онҳо дар ҳамдастӣ бо ташкилотҳои давлатӣ дар кори тарғиби зиддикоррупсионӣ фаъолона ширкат мекунанд.

 Дар асоси қарори зикршуда Агентӣ минбаъд соле ду маротиба ахбороти вазорату идораҳоро ҷамъбаст намуда, дар охири сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбороти муфассал пешниҳод мекунад.

 Агентӣ дар ҷараёни фаъолияти худ бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба монанди Идораи Созмони миллали муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (ЮНОДК), Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНДП), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ), Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (ОЭСР), Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ (Ҷумҳурии Исломии Эрон), Гурӯҳи Авро-Осиё оиди муқовимат ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷинояткорона бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ЕАГ), Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти тафтишоти андози давлатҳои аъзои ИДМ (КСОНР), Шӯрои Мақомоти Олии назорати молиявии давлатҳои аъзои ИДМ (ВОФК), Конференсияи Давлатҳои аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оиди мубориза бар зидди корупсия (ш.Ню-Йорк, ИМА), Шурои Осиёгии макомоти Олии назорати давлатии молиявӣ (АЗОСАИ) (ш.Исломобод, Покистон), Шӯрои Аврупоии макомоти Олии назорати давлатии молияви (ЕвроСАИ) (ш.Вена-Австрия), Ташкилоти байналмиллалии макомоти олии назорати давлатии молиявӣ (ИНТОСАИ) (ш.Вена-Австрия), Ассотсиатсияи байналмилалии мақомотҳои зиддикоррупсионӣ (Ҷумҳурии мардумии Чин), Намояндагии доимиии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Бонки рушди Осиё, Агентии Ҷумҳурии Қазокистон оид ба мубориза бо ҷинояткории иқтисодӣ ва хусусияти коррупсионидошта, Хадамоти тафтишоти махсуси Литва, Бюро оид ба мубориза ва пешгирии коррупсияи Латвия, Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва дигар мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои пешрафта ҳамкории зич барқарор намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани тавсияҳо, инчунин ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

 Дар ин муддат дар зиёда аз 80 вохӯриҳои корӣ, семинару конференсияҳо ва мизҳои мудаввари байналмилалӣ беш аз 190 кормандони Агентӣ ширкат варзида, баромад кардаанд. Соли 2010 Барнома ва Нақшаи миёни СММ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани кӯмак ба Тоҷикистон бо мақсади рушд барои солҳои 2010-2015 қабул гардид, ки аз ҷумла масъалаҳои мубориза бар зидди коррупсияро дар бар мегирад.

 Дар ин ҷода бояд қайд намуд, ки 5-8 декабри соли 2010 дар қароргоҳи дар шаҳри Париж будаи Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (ОEСD), бо иштироки намояндагии баландпояи ҳуқуматӣ дар ҳайати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири Тоҷикистон дар Олмон Ҳисоботи даври дуюми мониторинги заминаи зиддикоррупсионии кишвар дар доираи тавсияҳои Нақшаи амалиёти Истамбулии Шабакаи мубориза бо коррупсия барои Европаи Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ шунида шуд.

 Ҳисоботи мазкур дастовардҳои чорсолаи охири Тоҷикистонро аз даври якуми мониторинг дар бар мегирад ва матни он дар сомонаи интернетии ин ташкилоти бонуфуз http://www.oecd.org/corruption/acn интишор гардидааст.

 Бояд қайд намуд, ки Ҳисобот дар бораи гузаронидани даври аввали мониторинги зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар доираи тавсияҳои Нақшаи амалиёти Истамбулӣ дар доираи ОECD моҳи июни соли 2006 қабул гардида, ба мамлакат 21 тавсия дода шуда буд.

 Баҳогузории дараҷаи иҷрои тавсияҳои ОЕCD оид ба 5 тавсия аз 21 тавсияи аввала баланд бардошта шуд. Ба ғайр аз ин, ба ҳисобот 17 тавсияи нав ё навкардашуда дохил карда шуданд. Вобаста ба ин, хотирнишон бояд кард, ки Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд саҳми Тоҷикистонро дар иҷрои ӯҳдадориҳое, ки аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия бармеоянд, мусбат арзёбӣ намуд.

 Бевосита баъди анҷоми ҳисобот, баҳри иҷрои яке аз тавсияҳои ОECD, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010 Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Шӯро мақоми ҳамоҳангсозандаи миллии муқовимат ба коррупсия буда, таъсиси он на танҳо дар ташкили муҳити якдигарфаҳмӣ миёни тамоми мақомоти давлатие, ки бар зидди коррупсия мубориза мебаранд, намояндагони ҳокимияти судӣ ва қонунгузор, доираи васеъи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ замина фароҳам меоварад, балки механизми миллии таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатиро ба миён меорад.

 Дар ин замина, Нақшаи таъмини иҷрои тавсияҳои ТҲИР бо пешбинӣ намудани мазмуни тавсияҳо, чорабиниҳо ва мӯҳлатҳои мушаххас то ин ё он моҳи солҳи 2012, вазорату идораҳои масъул ва мақоми назораткунанда пешбинӣ гардида, баъди мувофиқа байни 33 вазорату идораҳо ҷумҳурӣ барои тасдиқ ба Шӯрои миллии муқовимати коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

 Хозирини гиромӣ!

 Қайд кардан ба маврид аст, ки муқовимати коррупсия ва паст кардани сатхи он аз бисёр омилҳо ба мисли дастачамъӣ, ҳамдигарфахмӣ, савияи баланди марифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, шуурнокӣ ва фаъолнокии хар як фарди ҷомеа, сатхи воқеъии зиндагӣ вобастагӣ дорад.

 Боварии комил дорем, ки дар кори пешгирии коррупсия ва ҳамоҳанг сохтани қонунгузории миллии кишвар, меъёрхо, принсипхо ва стандартҳои байналмилалӣ дар хамбастагию хамкории судманди миёни мову Шумо метавонад дар пешгирии омилхои коррупсионӣ мусоидат намояд.

 Ҳозирини муҳтарам, тамоми ин талаботҳо ва таклифҳое, ки иброз намудем, танҳо ба он хотир аст, ки вазифаҳои дар наздамон истодаро бо сарбаландӣ иҷро намоем, сазовори боварӣ ва умеди мардуми шарафманди Тоҷикистон шавем, обрӯ ва эътибори халқу миллатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.

 Ба диққататон ташаккур.

 Ба ҳамаи Шумо тансиҳатӣ, хушнудӣ ва баракат дар касбу коратон орзу менамоям!

Мақолаҳои илмӣ

(
)