Порагирии Директори мактаб

10 июн. 2017
Порагирии Директори мактаб

   Директори МТМУ №2 шаҳри Кӯлоб, Ғуломов Ҷурахон Бозорович барои тайёр карда додани шаҳодатнома оиди хатми синфи 9, аз шаҳрванд «А» маблағи 1000 доллари ИМА, баробар ба 8000 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст.

   Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ғуломов Ҷурахон Бозорович дар утоқи кориаш баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 8000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз сандуқи оҳанини утоқи кориаш ҳамчун далели шайъӣ ёфта, гирифта шуд.

   Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Ғуломов Ҷурахон Бозорович  бо аломатҳои моддаи 319 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

Мақолаҳои илмӣ

(
)