Қаллобии корманди тиб

06 июн. 2017
Қаллобии корманди тиб

    Бародари тибби ҳуҷраи наврасони Маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшан Султонов Қаюм Холиқович ҳамчун котиби комиссияи тиббии даъвати соли 2017 барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани шаҳрванд «А» 1000 доллари ИМА талаб намуда, санаи 15.03.2017 аз ин маблағ 1790 сомонӣ баробар ба 200 доллари ИМА-ро гирифта, овардани боқимонда маблағи 800 доллари ИМА-ро талаб намудааст.

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Султонов Қаюм Холиқович баъд аз гирифтани маблағи пулӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, аз ӯ далелҳои шаъйӣ ба миқдори 5340 сомонӣ ва 200 доллари ИМА, ки бо назардошти қурби асъори хориҷӣ ҷамъ маблағи 800 доллари ИМА-ро ташкил медод, ёфта гирифта шуд.

    Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Султонов Қаюм Холиқович бо аломатҳои моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Мақолаҳои илмӣ

(
)