Таъиноти кадрӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

09 фев. 2017
Таъиноти кадрӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

         Санаи 9 декабри соли 2016 дар асоси розигии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармоишҳои Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарикунандаи воҳидҳои сохтории Агентӣ як қатор тағйиротҳои кадрӣ ба амал омад.

         Аз ҷумла, генерал майори адлия Гулмаҳмадзода Ҷамшед Гулмаҳмад аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Агентӣ,  полковники адлия Аваззода Шараф Тавар аз вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Агентӣ озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, полковники адлия Муҳамадзода Ҷамолиддин Муҳамад аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати ташкилию нозиротии Агентӣ, полковники адлия Носирзода Солеҳ Зокир аз вазифаи сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон, полковники адлия Аҳмадзода Музаффар Раҷаб, ки дар ихтиёри кадрҳои Агентӣ қарор дошт, ба вазифаи сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ, полковники адлия Иброҳимзода Карим Иброҳим аз вазифаи муовини якуми сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ва Саидшозода Ҷамшед Сафаралӣ аз мансаби муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд озод карда шуда, ба мансаби сардори Раёсати назорати буҷетҳои маҳаллии Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентӣ  таъин карда шуда,  полковники адлия Одиназода Сафармад Самад аз мансаби сардори Раёсати ташкилию нозиротии Агентӣ ва аз хизмат дар мақомоти Агентӣ бо сабаби ба нафақа баромадан озод карда шуд.

           Директори Агентӣ генерал-майори адлия Рустами Эмомалӣ зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъин онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу ватан ва пешгирию муборизаи беамон бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳидоят намуд. 

 

Маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Научные публикации

(
)