Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам, Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.

23 фев. 2017
Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам, Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.

    Имруз 23-феврал ҳамчун рӯзи ҷавонмардӣ, рӯзӣ ифтихор аз гузаштагони худ, ки баҳри ҳимояи марзу буми ватан мардонавор ҷоннисорӣ намудаанд, дар қалби ҳар як фарди ватандӯст инъикос мегардад. Ҳимояи марзу буми ватан оини ҷавонмардӣ буда, аз баланд будани ҳисси ватандустии шахс дарак медиҳад.  Ҳимояи Ватан ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия дар китобҳои муққадаси динӣ ва дар қонунгузории давлатҳо дарҷ гардидааст. Аз ҷумла тибқи моддаи 43 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.”.

    Дар шароити ташаннуҷи рузафзуни авзои сиёсии ҷахон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

    Тоҷикистони соҳибистиқлол бо азму иродаи қавӣ ва талошҳои бемайлони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи меҳнаткаши тоҷик дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад. Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир воқеан ҳам арзанда буда, барои наслҳои имрӯза ва оянда мояи ифтихор хоҳад буд.

    Имрӯз дар фазои сулҳу суббот, ҳамдигарфаҳмии миллӣ мо кормандони мақоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбият намуда баҳри баланд бардоштани ифтихори миллӣ ҳар як сокини кишвар саҳми арзандаи худро гузорем. Дар баробари ин вазифаи аввалиндараҷаи мо таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ҳифзи субботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир аз қабили терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои коррупсионӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ мебошад.

     Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи ҷавонмардони ватандӯст ва бо нангу номуси ватанаро бо ин рӯзи фархундапай табрику таҳният гуфта, тамманои онро дорам, ки дар Ватани мо Тоҷикистон доимо сулҳу амонӣ пойбарҷо буда, якпорчагии он хеҷ гоҳ завол наёбад. 

Научные публикации

(
)